Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» Энтони Скарамуччӣ дар Кохи сафед танҳо 10 рӯз кор кард

Энтони Скарамуччӣ дар Кохи сафед танҳо 10 рӯз кор кард

1-08-2017, 09:08
Хабарро хонданд: 150 нафар
Назарҳо: 0
Энтони Скарамуччӣ дар Кохи сафед танҳо 10 рӯз кор кард
Президенти ИМА Доналд Трамп Энтони Скарамуччӣ, мудири бахши робита бо ҷомеаи Кохи сафедро аз мақомаш барканор кард. Дар ин бора дар изҳороти расмии Кохи сафед иттилоъ дода шудааст.
"Скарамуччӣ аз мудирии бахши робита бо ҷомеаи Кохи сафед канор меравад. Ба назари ӯ, беҳтар аст, ки ба раиси нави дастгоҳ Ҷон Келлӣ имкон дода шавад, то корро аз сари нав оғоз ва тими худро ташкил кунад", - омадааст дар изҳорот.

Пештар нашрияи New York Times бо истинод ба се манбаи худ аз истеъфои Скарамуччӣ хабар дода буд. Скарамуччӣ чанд соат баъд аз маросими савгандёдкунии Ҷон Келлӣ ба ҳайси раҳбари нави дастгоҳи Кохи сафед истеъфо додааст.

Нашрияи "Политик" иттилоъ дод, ки Скарамуччӣ бо дархости Келлӣ аз мақомаш барканор шуд. Ӯ ҳамагӣ 10 рӯз дар мақоми мудири бахши робита бо ҷомеаи Кохи сафед кор кард.

Пештар, ҳафтаи гузашта, Скарамуччӣ баробари таъйин шуданаш ба ин мақом як қатор мақомҳои баландпояи Кохи сафед, аз ҷумла раиси пешини дастгоҳи президент Рейнс Прибусро интиқод кард. Прибус баъдан истеъфо дода, ба ҷояш Келлӣ таъйин шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: