Пиёзи тоҷикӣ24-02-2016, 12:55
Хабарро хонданд: 453 нафар
Назарҳо: 0
Шумо дар суратҳои рангаи ошхонаҳои зебои хориҷӣ кунҷи девор, дастаи (бастаи) пиёзи сурхранги гирдаву зебоеро, ки гӯё маҳз барои ороишу зиннат бахшидани ошхона овехта шудааст, борҳо дидаед?
Шумо замони кӯдакӣ дар аловхонаву ошхона ё ганҷурҳои бибиву модаркалонҳоятон чунин дастаи овезони пиёзи хурду миёнаро, ки то баҳорон бегазанд меистод, ёд доред? Шумо боре сари дастархоне пиёзрезаҳои бунафшранги ширинеро, ки таъми аҷибу хушмаззае доранд, болаззату кайфияти махсус нӯшиҷон кардаед? Шумо дар барномаҳои шабакаҳои хориҷӣ бо таърифҳои оби даҳон резону бо шавқи хоса реза кардани пиёзи қирмиз ва ба унвони тартиб чун мева мазза карда хӯрдани онро аз ҷониби таббохҳову пазандаҳо ва ё ороишгарони мизи идона дидаед? Пас, шумо бояд эҳсос кунед, ки сухан аз кадом боб аст магарна, шинос шавед бо навъи хоси сабзавоте, ки қариб ягон таоми пухтаву хӯришҳои мо бе ширкати он намегузарад. Оре, он пиёз аст, вале пиёзи одди не, пиёзи тоҷикӣ. Оре, пиёзи қирмизӣ ва ширин маззае, ки дар деҳот онро пиёзи тоҷикӣ меноманд, бо таъми аҷибу ҳаҷму рангу бӯйи хосаш, аз пиёзи оддӣ, ки маъмулан пӯсташ қаҳварангу дарунаш сафед аст, фарқ мекунад. Соли 1992 ба ноҳияи Ховалинг кӯчидему дар нахустин рӯзи меҳмонӣ дар хонаи ҳамсоя ман пиёзҳои хурду миёнаро дида аз ранги қирмизиашон завқ карда будам. Аз ҳамсояҳо пурсидам, ки чаро онҳо пиёзҳои калон-калон неву хурд-хурдро ин қадар зиёд( чандлинча) харидаанд? Онҳо хандида посухам доданд, ки дар Ховалинг касе пиёз намехарад, онро ҳар як соҳибхоназан худ дар ҳотааш мекорад. Баъзеи онҳо таваҷҷӯҳи маро ба тамъи ин пиёзи бароям ҷолиб ҷалб карданӣ шуда, пиёзро гирифта, чун себ қарс-қарс газида хӯрданд. На дар чашми онҳо об пайдо шуду на бӯйи нохуши пиёз атрофро пахш кард. Ман ҳам пиёзчаи майдаякеро интихоб карда, нобоварона ба даҳон бурдам, воқеан ширину хушмазза буд. Баҳорон ҳамсояҳо аз тухми пиёзи тоҷикӣ ба ман ҳам доданду ҳам худ омада дар кориданаш раҳнамоиям карданд. Ҳар кадоме аз ҳамсояҳоямон дар ҳотаи худ аз 6 то 10 пали пиёз мекориданд. Ман ҳам соли аввал тахминан 4- пали пиёз корида фикр кардам, ки ин қадар пиёзро чӣ кор мекунам? Чун пиёзҳо сабз шуданд, ҳамсояҳо маро фаҳмонданд, ки аз ҷойҳои ҷафс сабзидаи он пиёзҳои сабзро кашида, чун баргпиёз ё кабудӣ ҳамарӯза истифода кунам, ки ин ба сабзиши баъдинаи пиёзҳо мусоидат мекард. Шарифамоҳ- ҳамсояаамон лаби пали пиёзи сабзавор нишаста аз пиёзи сабз қабза-қабза мечиду решаашро тоза карда, ҳамонҷо мехӯрд. Инак, ман як бандча пиёзи кабуди 5-6 донагиро бо панҷоҳ дирам аз бозор мехараму бо алам ба хотир меорам, ки пиёзҳои бо дасти худ коридаам чӣ таъми лазизе доштанду чӣ қадаре ки мехостем аз барги он тамоми сол истифода мекардем. Имрӯз чун хориҷиҳо дар кишвари аграриямон як чанд дона пиёзи кабудро бо 50-дирам (баъзан аз ин ҳам зиёд) харидорӣ мекунем. Дар ҳақиқат тӯли 5-соли зиндагӣ дар ин ноҳияи кӯҳистон шояд мо низ чун дигарон витаминҳои аз пиёз ба ҷисми одам зарурро барои тамоми умр истеъмол кардем, ки боварамон бар он аст, ки саломатии мардуми ин макон хеле хуб аст. Шакаробу қурутобе, ки ба пиёзи тоҷикӣ тайёр карда мешавад, дар таъму мазза назир надорад. Аз ҳама муҳим барги сабзи ин пиёз аз баҳор то тирамоҳ тару тоза монда, қобили истифода аст. Аз ин пиёз чӣ қадар истеъмол накунӣ, даҳонат ё дастат бӯйи онро дар худ нигоҳ намедорад. Агар сад киллои онро ҳам реза кунӣ, қатрае аз ашки чашмонат берун намеояд. Дирӯз тавассути шабакаи 1-и телевизиони Россия барномаи « Жить здорово»- ро тамошо мекардам. Чанд лаҳзаи ин барнома ба«пиёзи Қрим» ё пиёзи Ялта бахшида шуд, ки он ба пиёзи тоҷикии мо ҳам аз лиҳози рангу таъм монандӣ дошту ҳам бастаи он боз ҳамон суратҳои ошхонаҳои зебо ва ганҷурҳои занони ховалингиро ба хотирам меовард. Таваҷҷуҳамро дар ин барнома он чиз ба худ кашид, ки тамоми хосиятҳои пиёзи Крим ба пиёзи тоҷикии мо монанд будааст. Аз мутахассисону иштирокдорони ин барнома-духтурони касбӣ шунидам, ки ин навъи пиёз рагҳои хунгардро васеъ карда, кори дигар узвҳои ҷисми инсонро беҳтар мегардонад. Аз ҳама муҳим чунин навъи пиёз барои пешгирии саратон давои хубе будааст. Аҷабо, пас чаро мо парвариши чунин навъи сабзавоти маҳаллиямонро бо таъми хуб мафоиди бисёре, оммавӣ намекунем? Чаро мо дар кишвари аграрие чун Тоҷикистон аксаран пиёзи хориҷӣ ё сири (чеснок)чиниро истеъмол мекунем? Пиёзи тоҷикӣ навъи махсуси пиёз аст, ки шояд на дар ҳама ҷо сабзад (ман инро тахминӣ мегӯям). Вале чаро онро дар навоҳии боду ҳавояш салқин, масалан дар Ховалингу Балҷувон ё Мӯминободу Рашт, ки боду ҳавои ба ҳам монанд доранд, намекорем, ки мардумамонро аз чандин бемориҳо раҳоӣ бахшему дастархонамонро ҳамарӯза бо хӯриши пиёзи тоҷикӣ пурманфиаттар бигардонем? Ин ҳеҷ мушкилие надорад. Фақат хоҳиши манфиат бахшидан ба мардуми худ моро ба ин кор роҳбар бояд шавад. Пиёзи тоҷикиро бештар дар шакли хом бояд истеъмол кард. Ин навъи пиёзро маъмулан аз баргаш чун мӯйи духтарон бо ҳам мебофанду дар дарахт ё девор меовезанд. Чунин тарзи нигаҳдории пиёз имкон медиҳад, ки пиёзҳо серобу беосеб то ҳосили нав бирасанд, дар қиёс аз пиёзи сафед, ки ба аввалин расидан насими баҳор барги сабз бароварда, талхмазза мешаванд. Гиряи беовози пиёз резакуниро фаромӯш карданӣ бошед, пиёзи тоҷикӣ бикоред ва аз ин сабзаҷоти пурманфиату хушмаззаи ватанӣ тановул карда ифтихори миллӣ намоед. Ҳ. Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.