100 САВОЛУ ҶАВОБ ПАЁМАДҲОИ НОГУВОРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ20-07-2017, 14:53
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
Иқлим ончунон ба зудӣ тағйир меёбад, ки фурсати ба шароити нав одат кардани одамон дар гумон аст, мегӯянд иқлимшиносон. Соли 2010 аз болоравии яку якбораи ҳарорат зиёда аз 10 000 нафар ҷон бохтанд. Натиҷаи тадқиқоти якҷояе, ки олимони иқлимшиноси Америка ва Британияи Кабир аз соли 1980 то соли 1995 гузарониданд, тамоми дунёро ба даҳшат овард: аллакай дар асри ХХ1 ҳарорати экстремалии ҳаво инсониятро ба оқибатҳои зиёди ҳалокатбор рӯ ба рӯ мекунад. Дар шароити Тоҷикистон мутобиқшавӣ ба гармшавии иқлим самти муҳими фаъолият дар ҳалли проблемаи тағйирёбии иқлим маҳсуб меёбад. Тадбирҳои мутобиқшавӣ метавонанд омодагии оммавиро ба тағйирёбии иқлим таъмин намуда, оқибати ногувори онро коҳиш диҳанд ва ё пешгирӣ кунанд. Сабабҳои болоравии ҳарорати ҳаво дар кураи Замин чист? Инсоният барои мутобиқ гардондани худ ба гармшавии глобалии иқлим ва эмин мондан аз он бояд чӣ тадбирҳо андешад? Бо итминони комил метавон гуфт, ки аз мутолиаи ин саволу ҷавоб хонандагони мо ба бисёр норавшаниҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим дар зеҳнашон пайдошуда посухи муфид хоҳанд ёфт. Саволи 1. Гармшавии иқлим чӣ бадӣ дорад? Тағйирёбии иқлим дар гузашта на як бору ду бор ба мушоҳида расидааст. Масалан, дар давраи асримиёнагӣ гармшавии иқлим мисли рӯзҳои мо ба назар мерасид. Гренландияро замини сабз меномиданд, дар Англия ангур парвариш мекарданд. Вақте ки чунин аст, аз чӣ сабаб гармшавии иқлим дар даҳсолаи охир ин қадар ташвишовар шудааст? Ҷавоб: Воқеан, натиҷаи санҷишҳо дар 250 соли охир ва маълумоти ғайримустақим (масалан, суръати сабзиши дарахтон аз рӯйи ҳалқаҳои солонаи кунда, гарди гул ва тухм) доир ба гармшавии иқлим дар муддати ҳазор ва аз ин ҳам беш солҳо нишон медиҳанд, ки болоравии ҳозираи гармӣ дар сайёра дар таърихи инсоният фавқулодда нест. Гармии асримиёнагии баландтарин ва қабл аз ин давраҳои яхбандии калон ҳам вуҷуд доштаанд. Бахусус дар давраи динозаврҳо гармӣ нисбат ба ҳозира тахминан 70 С зиёдтар будааст. Пайдоиши омили нави иқлимӣ – ҷамъшавии (консентратсияи) бемислу монанди гази ангидриди карбон (СО2) ва метан дар атмосфера, ки боиси болоравии дараҷаи гармии сайёра мегардад, басе ташвишовар аст. Ҷаҳиши яку якбораи ҳарорати ҳаво ба сӯхтани канданиҳои фоиданоки сӯзишворӣ (нафт, газ) ва аз байн бурдани ҷангалзорҳо (тавассути буридан ва оташзанӣ) алоқаманд буда, болоравии дараҷаи гармӣ дар кураи Замин танҳо яке аз оқибатҳои он мебошад. Ин дар таърихи инсоният ҳодисаи беназир аст. Ва аз сабаби он, ки партови газҳоро дар муҳлати кӯтоҳ кам кардан имкон надорад, маълум мешавад, ки моро гармшавии боз ҳам бештари ҳарорати ҳаво интизор аст. Бино бар ин, моро на танҳо ҳодисаҳои табиие, ки имрӯз ба амал меоянд, балки бештар рухдодҳои оянда ба ташвиш мегузоранд. Вале болоравии ҳарорати атмосфера, агар он ба оҳистагӣ ва нарм гузарад, чандон боиси ташвиши ҷиддӣ нест. Бадтар аз он мо ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ шудаем, ки аз болоравии ҳарорати атмосфера тамоман фарқ мекунад. Бадбахтии асосӣ – афзоиши суръат ва қувваҳои хатарноки ҳодисаҳои гидрометероологист. Инро мушоҳидаҳои бевоситаи даҳсолаҳои охир тасдиқ мекунанд. Саволи 2. Дар барои нишондиҳандаҳои ҳарорат чӣ метавон гуфт? Олимон қисман ҳарорати ҳаворо дар асри ХХ таҳқиқ карданд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот чиро нишон медиҳад? Ҷавоб: Таҳлили омории қисмате аз ҳарорати ҳаво дар тӯли асри ХХ маҷмуан дар ҷаҳон, дар Русия ва минтақаҳои федеролию шаҳрҳои он на як бору ду бор гузаронида шудаанд. Ҳарорат- ин фақат «симптом» ё нишонаҳои бемориест бо увони «қувватнокшавии антропогении таъсири газҳои гулхонаӣ». Худи беморӣ – афзоиши яку якбораи гази ангидриди карбон (СО2) дар атмосфера- бештар дар 30-40 соли охир хуруҷ кард. Бино бар ин, олимон хусусан ба ҳамин давра аҳамият дода, онро бо давраи пешина муқоиса мекунанд. Маркази обу ҳавосанҷии Россия (Росгидромет) дар гузориши соли 2009 –и худ доир ба ҳолати иқлим кӯшиши ҷудо кардани тренд аз соли 1900 ё 1935-ро накарда, фақат тренди 40 соли охирро ба эътибор гирифтааст. Барои нармтар нишон додани пасту баландшавии солонаи ҳарорат бошад, бояд ҳисоби миёнаи тағйирёбии ёздаҳсоларо мавриди назар қарор дод. «Сулфаи бемор» метавонад сахт ё суст бошад – муҳим тамоюли дарозмуҳлат аст. Болоравии ҳарорат бошад, сарфи назар аз зимистони солҳои 2009-2010 дар қисми аврупоии Русия ва Сибири Ғарбӣ якхела буда, тамоюли он тағйир наёфтааст- батадриҷ боло меравад. Саволи 3. Сардшавии ҳаво дар миёнаи асри ХХ – ро чӣ тавр бояд фаҳмид? Дар солҳои 40-60 уми асри ХХ сардшавии глобалӣ ба мушоҳида мерасид. Дар баробари ин, дар натиҷаи фаъолияти одамон партови газҳои гулхонаӣ афзоиш ёфт. Оё ин далели он нест, ки ғуншавии гази ангидриди карбон ( СО2 ) боиси болоравии ҳарорат шуда наметавонад? Ҷавоб: Ба иқлими Замин дар асри ХХ, чун пеш аз ин ҳам, бисёр равандҳо таъсир расондаанд. Пурқувватгардии антропогении эффекти гулхонаӣ (баландшавии ҳарорати қабати поёнии атмосфераи Замин дар муқоиса ба ҳарорати эффективӣ, яъне паҳншавии ҳарорати гармӣ дар сайёра) фақат тахминан аз соли 1975 ба омили асосӣ табдил ёфт. То ин замон, аз миёнаи асри Х1Х то соли 1960 консентратсияи СО2 дар атмосфера ба 35 ррм (қисмате дар миллион) ва баъди ин аллакай ба 70 ррм афзоиш ёфта буд. Таъсири антропогенӣ – ин боз олудашавии атмосфера бо хурдтарин зарраҳои баробарвазни сахтест, ки қабл аз «ба кор даромадани» пурқувватшавии эффекти гулхонаӣ, яқинан дар солҳои 40-ум шуруъ шуда буд. Ин натиҷаи сардшавии ҳаво («global dimming»), сусттар аз эффекти гулхонаӣ - натиҷаи баландшавии ҳарорати қабати поёнии атмосфераи сайёра буда, онро набояд ба ҳисоб нагирифт. Гоҳо таркишҳои ядроиро сабаби хунукиҳои солҳои 1945-1960 медонанд. Вале инро фақат ба рост омадани хунукӣ ба ҳамон солҳо бояд донист. Дар асл, дар ҳоле ки бисёр омилҳои дигар сифатан ва миқдоран ҳамаи ҳодисаҳои гузаштаро дар тамоми давраи асри ХХ дуруст мефаҳмонанд, таркишҳои ядроӣ ба атмосфера чандон таъсире надоштаанд. Омили асосии гарм омадани соли 1930 ва сардиҳои соли 1950 –ро Офтоб медонанд. Аҷиб он аст, ки дар солҳои 30-ум ҳарорати қисми поёнӣ ва ҳам болоии атмосфера – тропосфера ва стратосфера боло рафта, ҳаво хеле гарм буд. Вале ҳоло ба ғайр аз нисбатан таъсири сусти Офтоб омили нави бештар бақувват пайдо шудааст. Ҳоло таъсири антропогении ғилзати газҳои гулхонаӣ нисбат ба радиатсияи офтобӣ 10 маротиба бештар аст. Дар даҳсолаҳои охир тамоюли самти болоравии ҳарорат дар тропосфера ва стратосфера гуногунанд: «плёнкаи» гулхонаӣ- қабати СО2 ва метан ғафс шудааст. Зери он, дар тропосфера - гарм, болои он, дар стратосфера – хунук мешавад. Инро мушоҳидаҳо дар тамоми кураи Замин нишон медиҳанд. Саволи 4. Пешгӯйие ҳаст, ки баъди 10 сол сардшавии ҳаво оғоз меёбад Олимон чанде аз ҳароратҳои фавқулодаро бо ҳама ҷузъиёташон омӯхтанд ва пешгӯйӣ мекунанд, ки баъди 10 сол сардшавии ҳаво оғоз меёбад. Ҷавоб. Биёед, аниқ кунем, ки гап дар бораи чӣ меравад. Чунин эксперименти муҳлатмуқарраркардаи рақамӣ – таҳқиқи гармоникии қатори ҳароратҳо, аз ҷумла дар асри ХХ, бори аввал нест. Ба қарибӣ онро ходимони Институти географияи Академияи илмҳои Россия (РАН) таҳти роҳбарии профессор Пузаченко, ки таҷрибаи бойи таҳқиқи омории маълумотҳо ва мушоҳида намудани пасту баландшавии муназзами ҳароратро ( яъне равандҳои давра ба давра вақтивазшаванда) дорад, такрор намуд. Аз таҳқиқи гармоникӣ бармеояд, ки соли 2020 сармохезӣ авҷ мегирад. Вале чунин таҳлил амалан ҳеҷ чизи дигареро пешгӯйӣ карда наметавонад. Он аз рӯйи мақсади муайян дар тамоми давраи мушоҳидаҳо ҳамоҳангӣ (гармоника) ва равандҳои доимӣ зоҳир мекунад ва баъди баландшавии ҳарорат ба таври доимӣ пастшавӣ ва баъди пастшавӣ боз баландшавии онро нишон медиҳад. Дар 30-40 соли охир омили нави авҷгирии ғуншавии ғилзати гази СО2 ва оқибатҳои гуногуни он пайдо шудааст. Таҳқиқи мутаносиб, ки бештар гармии рӯйизаминии ҳароратро сарфи назар аз стратосфера фаро мегирад, инро ошкор карда наметавонад. Бино бар ин, ҳисоби мазкур танҳо озмоиши рақамии назарӣ асту бас: саволе пеш меояд, ки агар ҳама бо таъсири омилҳои табиии доимоамалкунанда сурат мегирифт, чӣ мешуд? Идеяи дигар ба ҳама гармшавии иқлим тағйирёбии ҳарорат дар Уқёнуси Оромро дар нимдавраи 20-30 сол сабаб медонад. Албатта, он бетаъсир нест ва шояд, аз ҳамин сабаб дар 10 соли охир ҳарорат бевосита дар фазои уқёнус афзоиш наёфта, паст ҳам намешавад, балки то ба кор даромадани омили нав бисёр баланд боқӣ мемонад. Бояд қайд кунем, ки гоҳо мафҳуми «10 сол»-ро ба «10 ҳазор сол» омехта мекунанд. Агар гап сари 10 ҳазор сол равад, дар ҳақиқат, сармо – ҳаракат ба сӯйи давраи ояндаи яхбандӣ бино бар сабабҳои астрономӣ амалан исбот шудааст. Вале ин тамоюли бисёр тадриҷиест, ки ба коҳишёбии бесобиқаи газҳои гулхонаӣ(парникӣ) вобастагӣ дорад. Саволи 5. Моҳвораҳо аз сармои оянда дарак медиҳанд Маълумотҳои моҳвораие вуҷуд дорад, ки аз яхбандии Замин далолат мекунанд. Ҷавоб.Ин маълумотҳо оид ба шиддатгирии нурпаҳнкунии Замин дар диапазони муайян, бахусус дар мавҷҳои дарози нурафкани молекулаҳои оксигенанд. Онҳоро ба сифати нишондиҳандаи ғайримустақими (бавоситаи) ҳарорат барои ситораву сайёраҳои дур, дар ҳолате, ки дигар маълумотҳо вуҷуд надошта бошанд, метавон истифода бурд. Он чӣ, ки дар диапазонҳои муайян нурафкании Замин метавонад суст шавад, аён аст. Барфу ях, ки зиёда аз 90% нурҳои Офтобро инъикос мекунанд, точанд кам мешаванд. Ва худи барф ҳам аз дуду чанги истеҳсолоти одамон сиёҳтоб гардида, инъикосгарии равшани худро торафт гум мекунад. Майдони қабати барф дар Арктика аз соли 1960 ин ҷониб тахминан 10% паст шудааст. Сиёҳтобшавии барф бошад, боиси ба таври иловагӣ ба 0,1Вт/м2 тафсидани атмосфера мегардад, ки қариб ба 6% тақвияти антропогении эффекти гулхонаӣ (болоравии ҳарорати қабати поёнии атмосфераи сайёраи Замин дар натиҷаи ғуншавии газҳои гулхонаӣ, бахусус гази ангидриди карбон) баробар аст. Маълумотҳои охирини моҳвораӣ ҳисобҳои моделиеро тасдиқ мекунанд, ки аз рӯйи назарияи афзоишёбии глобалии антропогении ғилзати газҳои гулхонаӣ гирифта шудаанд ва аз тафсидани умумии Замин шаҳодат медиҳанд. Зикр бояд кард, ки маълумоти моҳвораҳо оид ба нурафкании Заминро гоҳо бо маълумот дар бораи ҳарорат дар стратосфера, ки воқеан паст шуда истодааст, омехта мекунанд. Вале ин оқибати мантиқии афзоиши таъсири газҳои гулхонаӣ – зери «плёнка» гарм, болои он сардтар мебошад. Саволи 6. Чӣ тавр 0,8 дараҷаро мушоҳида кардан мумкин аст? 0,8 дараҷа болоравии ҳарорат. Бисёр кам нишон додаанд. Ҳар рӯз ҳарорат чандин маротиба бештар боло рафта, тағйир меёбад. Ҷавоб. Дар ҳақиқат, 1 дараҷа боло рафтани гармӣ аз гармии маъмулии 100 сол пеш дар ҳароратсанҷи кӯчагӣ он қадар муҳим нест. Аммо барои аҳамияти миёна дар ҳама шабакаҳои обуҳавосанҷӣ ҳатто даҳ ҳиссаи 1 дараҷа гармӣ бузургии боварибахши бақайдгиранда аст. Метеорологҳо шубҳа намекунанд, ки ҳарорати миёнаи глобалии қабати болои ҳавои сайёра (приповерхностного слоя воздуха планеты) ба 0,80С, на 0,5 ва ё 10С гармтар шудааст. Барои Россия ин баландшавӣ зиёдтар – 1,20С – ро ташкил медиҳад. 1 дараҷа боло рафтани гармӣ барои сайёра рақами кам нест. Тақрибан солҳои 1000-ум ( вақте ки викингҳо Гренландияро кашф карданд) ҳаво дар муқоиса ба садсолаҳои пешин ва давраи минбаъдаи «яхбандии хурд» 1 дараҷа гарм буд. Дар асрҳои ХУ1-ХУ111 дар Аврупо нисбат ба давраи аввали асримиёнагӣ ва ё пасон, асри ХХ хунуктар буд. Албатта, он вақт ҳарорати ҳаворо чен намекарданд, вале инро мумкин аст аз рӯйи маълумотҳои ғайримустақим – ғафсии ҳалқаи солонаи дарахтон, таркиби тухмӣ ва гарди гули он, таҳшини чуқурии кӯлҳо ва ғайра барқарор кард. Акнун равшан аст, ки 1 дараҷа гармӣ ҳам нақше дорад, мисле ки гоҳо бо ҳазл мегӯянд, «агар ҳарорати бадани одам 36,6 бошад, сиҳат ва агар 37,6 бошад, аллакай еор аст». Аз русӣ тарҷумаи Неъматулло ХУДОЙБАХШ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.