Агентии обуҳавошиносӣ: имрӯз низ дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво баланд боқӣ мемонад21-07-2017, 09:23
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 41 дараҷа мерасад. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 29-34 дараҷа ва дар шарқи он 19-24 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 36-41 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, гармии аз 34 то 39 дараҷа дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо ба 34-39 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат 35 – 37 дараҷаро ташкил медиҳад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.