Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Медали духтарони афғон дар "FIRST Global Challenge"

Медали духтарони афғон дар "FIRST Global Challenge"

20-07-2017, 14:17
Хабарро хонданд: 106 нафар
Назарҳо: 0
Медали духтарони афғон дар "FIRST Global Challenge"
Шаш хонандаи афғон, ки пештар мақомоти ИМА барояшон раводид (виза) надода буданд, дар мусобиқаи байналмилалии роботсозӣ (FIRST Global Challenge) дар шаҳри Вашингтон соҳиби медал шуданд.
Ба дастаи Афғонистон медали нуқраи "Барои мардонагӣ" ҳамчун рамзи эътирофи иродаи расидан ба ҳадаф ҳатто дар шароити номусоид тақдим шуд. Медали тилои ин бахш насиби хонандаҳои Судони ҷанубӣ гашта, медали биринҷиро дастаи Умон соҳиб шуд.

Ибтидои моҳи июл мақомот дар пайи ташдиди сиёсати раводидии президент Доналд Трамп хонандаҳои чанд кишвари мусулмоннишин, аз ҷумла Афғонистонро ба Амрико роҳ надоданд. Вале баъдтар президент мавқеи худро нармтар кард ва хонандаҳои афғон низ ба ИМА роҳ ёфтанд.

Медали тилои асосии мусобиқаро тими Аврупо ба даст оварда, медали нуқра насиби хонандаҳои Лаҳистон шуд. Мақоми севумро дастаи Арманистон касб кард. Дар ин мусобиқа ҷамъан хонандаҳои беш аз 150 кишвар иштирок доштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: