МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД13-03-2017, 08:51
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Дар санаи 10.03.2017 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб маҷлиси васеъи фаъолони ҳизбӣ оид ба фаъолияти Ситодҳои таблиғотӣ ва раванди корҳои идеологӣ дар ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Кӯлоб дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд. Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбагул, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон дар маҷлис аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ, Гуруҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, Шӯрои собиқадорони ҳизб, Ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ», ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва аъзои гуруҳҳои мобилии ҳизбӣ ширкат доштанд. Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбагул чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароите кору фаъолият доранд, ки ҷомеаи ҷаҳониро буҳрони маънавӣ ва бархурди идеологии давлатҳои абарқудрат фаро гирифтааст. Инчунин қайд кард, ки тақвият бахшидани бузургтарин арзиши миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ аз баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа ва иқтидори идеологии давлат вобастагии калон дорад, ҳадафи асосии баргузор намудани ин чорабинӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин радиф ҳисоботи раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Нозимов Талаб, раиси Ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ» Ҳамидов Амирхон ва котиби Ситоди доимоамалкунандаи таблиғотии ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Зарипов Қадамшо аз фаъолият дар давраи соли 2016 ваянвари соли 2017 шунида шуд. Дар рафти вохӯрӣ дар баробари ҳисоботҳои шахсони масъул инчунин нақшаҳо ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмуну аксияҳои ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода ба сухан баромада, қайд дошт, ки серталабӣ ва супоришҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти кори мо такони ҷиддӣ мебахшад. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки барои иҷрояи дастуру пупоришҳои роҳбарият ҳизб ҷаҳду талош варзида барои халқу миллат содиқона хизмат намоем. Инчунин, мавсуф ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои тарғиботӣ маслиҳату машваратҳои муфид ва дар роҳи боз ҳам мустаҳкамтар кардани кори Ситодҳои таблиғотӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.