Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » "РусГидро" даъвоҳои шарикони қирғизашро рад мекунад

"РусГидро" даъвоҳои шарикони қирғизашро рад мекунад

26-07-2017, 09:32
Хабарро хонданд: 127 нафар
Назарҳо: 0
"РусГидро" даъвоҳои шарикони қирғизашро рад мекунад
Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "РусГидро" 25 июл дар робита ба сохтмони силсила неругоҳҳои Норини болоӣ изҳорот пахш кард.
Ширкат бар ин назар аст, ки нашри хабарҳо ва изҳори назарҳо аз ҷониби шарикони қирғизаш, ба вижа президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, раиси кумитаи давлатии саноату энержии ин кишвар Дуйшенбек Зилолиев ва дигар шахсони расмӣ нисбати "РусГидро" дар робита ба сохтмони силсила неругоҳҳои Норини болоӣ ғайри қобили қабул аст.

"РусГидро" мегӯяд, ҳаргиз изҳор надоштааст, ки сохтмони неругоҳҳоро қатъ мекунад. Ба ҳамин далел, даъвоҳои ҷониби Қирғизистон, ки мегӯянд, ширкат уҳдадориҳояшро иҷро накард, комилан беасос аст.

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 24 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки вай ва президенти Русия бовар ҳосил карданд, ки ширкати русӣ ният надошт, силсила неругоҳҳои Норини болоиро бунёд кунад ва ба сохтмони неругоҳи Қамбарота пардозад.

Ҳукумати Русия ва ҳукумати Қирғизистон дар бораи сохтмони неругоҳҳо соли 2012 шартнома имзо карда буданд. Тибқи шартнома, ширкати "РусГидро" бояд неругоҳҳоро месохт. Аммо баъди қатъи корҳо дар соли 2015 Қирғизистон шартномаро бо Русия бекор кард. Дар робита ба ин Қирғизистон бояд 37 миллион доллар ба Русия пардозад. Пардохти ин маблағро ширкати чехии Liglass Trading CZ ба зима гирифт. Ширкати мазкур 10 неругоҳи хурд ва силсила неругоҳҳои Норини болоиро дар Қирғизистон месозад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: