Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Варзишгарони тоҷик дар 6 моҳ 158 медал ба даст овардаанд

Варзишгарони тоҷик дар 6 моҳ 158 медал ба даст овардаанд

18-07-2017, 14:09
Хабарро хонданд: 307 нафар
Назарҳо: 0
Варзишгарони тоҷик дар 6 моҳ 158 медал ба даст овардаанд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 дар самти татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон соҳаи сайёҳӣ 13615 чорабинӣ бо фарогирии 3 миллиону 901 ҳазору 436 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 қариб 1,7 маротиба зиёд) баргузор намудааст.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, 13 июл, зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки бо мақсади таъмини иштироки васеи варзишгарони дастаи мунтахаб дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар давраи ҳисоботӣ бо маблағгузории Кумита 223 нафар варзишгар, аз ҷумла 26 бону ба 23 чорабинӣ, бо харҷи 666 246 сомонӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 158 медал, аз ҷумла 46 тилло, 41 нуқра ва 71 биринҷӣ ворид намуданд.

Гуфта шуд, ки Кумита дар якҷоягӣ бо сохтору ташкилотҳои системаи худ дар маҷмуъ то ба имрӯз 8944 чорабиниҳои гуногуни илмӣ-амалӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, конфронсу форумҳо, ҳамоишу аксияҳо ва мулоқоту вохӯриҳоро баргузор намуд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 маротиба зиёд мебошад. Ба чорабиниҳои зикршуда дар маҷмуъ 2873313 нафар ҷавонон фаро гирифта шуданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 маротиба зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба дастовардҳои варзишгарон дар нимсолаи якуми соли 2017 Комиссияи унвондиҳии Кумита 1 маротиба моҳи май 99 ҳуҷҷатро, ки барои гирифтани унвони варзишӣ пешниҳод гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор дод. Дар натиҷа ба 11 нафар унвони «Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба 71 нафар унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба 5 нафар унвони «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ» ва ба 1 нафар унвони «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: