Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ваҳдати миллӣ ва зани тоҷик!

Ваҳдати миллӣ ва зани тоҷик!

18-07-2017, 11:36
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
Ваҳдати миллӣ ва зани тоҷик!
Мутобиқи нақшаи кории бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Сарбанд, дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо занони соҳибкори шаҳр, хоҷагидорон, кишоварзон, омӯзгорон, табибон ва ҷонибдорони ҲХДТ бахшида ба 20 – солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат”маҷлис баргузор гардид.
Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Сарбанд Фароғат Назарова баромад намуда, изҳор дошт, ки занон дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доимо дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Таи солҳои соҳибистиқлолӣ Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо тадбирҳои зиёде андешидаанд. Маҳз истиқлолияту Ваҳдати миллӣ буд, ки мақоми бонувони бомаърифату боҷасорати тоҷик дар арсаи сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, илму маориф ва иҷтимоӣ устувор гардидааст. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгашта сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул- гулшукуфон шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, истиқлолият ва сулҳу ваҳдат пойдор аст.
Занони тоҷик барои ободии Ватан ва устувории пояи Ваҳдати миллӣ ҳамеша саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: