Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Изҳороти муштараки Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон

Изҳороти муштараки Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон

2-11-2017, 12:00
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
Изҳороти муштараки Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 ноябри соли 2017 сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар фазои дӯстона ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарордоштаро, муҳокима намуданд.

Сарони давлатҳо аз сатҳи устувору мусбии ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва дигар самтҳои робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд. Изҳор гардид, ки дӯстӣ, баробарӣ ва эҳтироми якдигар принсипҳои асосии рушди ин муносибатҳо маҳсуб меёбанд. Роҳбарони ду кишвар майлу рағбати худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои шарикии дуҷонибаи ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду давлат, баён доштанд.

Президентҳо зарурати боз ҳам наздиксозии ҳамкориҳои муштаракро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ки ҷонибҳо аъзои он мебошанд, қайд намуданд. Тарафҳо аҳамияти Созмони Милали Муттаҳид ва институтҳои онро ҳамчун воситаи ҳамаҷонибаи кулл дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими амният ва субот дар ҷаҳон таъйид намуданд.

Роҷеъ ба масъалаҳои иқтисодӣ, президентҳо зарурати фаъолсозии робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии байни ду кишварро эътироф намуда, тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати минбаъд муайян ва амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки онҳо мусоидат хоҳанд кард.

Бо мақсади ба сатҳи нави рушд баровардани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба, сарони Тоҷикистон ва Туркманистон зарурати афзун додани самаранокии назоратро ҷиҳати дар ҳаҷми пурра иҷро гардидани қарорҳои дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ қабулгардида қайд намуданд.

Сарони давлатҳо аз мавҷуд будани шароитҳои мусоид барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, тиҷорат ва кишоварзӣ ёдовар шуданд. Дар робита ба ин, Тарафҳо зарурати таҳкими талошҳоро ҷиҳати ҳавасмандгардонии муносибатҳои соҳибкорӣ, шиносоии намоиши тарафайн бо маҳсулоти истеҳсоли ду кишвар, омӯзиши имкониятҳои содиротӣ-воридотӣ ва ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкориҳои иқтисодиро қайд намуданд.

Роҳбарони давлатҳо тасдиқ карданд, ки таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт барои рушди савдои байналмилалӣ миёни кишварҳо ва минтақаҳо аҳамияти калидӣ дорад. Қайд гардид, ки иштироки мутақобила дар лоиҳаҳои мухталиф оид ба ташаккули долонҳои нақлиётии байналмилалӣ барои таҳким ва тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва оғози боркашонии транзитӣ тавассути роҳҳои нақлиётии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Тарафҳо аҳамияти амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон»-ро, ки яке аз лоиҳаҳои бузургтарини нақлиётӣ дар минтақа ба шумор меравад, таъкид намуданд.

Президентҳо ба муҳимияти рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обию барқӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Сарони давлатҳо изҳор доштанд, ки муколамаи фарҳангӣ ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Туркманистон ба таври назаррас мусоидат карда, ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои ду кишвар тақвият мебахшад. Дар робита ба ин, Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамаи имкониятҳоро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илму фарҳанг равона мекунанд.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи дӯстии анъанавии байни халқҳои ду кишвар Президентҳо нияту мароми худро барои идома додани баргузории Рӯзҳои фарҳанг, инчунин пайваста мубодилаи ҳайатҳои намояндагони фарҳанг ва санъатро баён доштанд.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки истиқрори ҳарчӣ тезтари вазъи сиёсӣ ва барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистон барои таъмини амният ва субот дар минтақа хеле муҳим мебошад. Онҳо аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро, ки ба рушди устувори ин кишвар мусоидат мекунанд, қайд намуданд.

Сарони давлатҳо густариши минбаъдаи ҳамкориҳои муштаракро дар мубориза бо чунин таҳдидҳои фаромиллӣ, ба монанди терроризм, ҷинояткории муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар зарур шумориданд.

Президентҳо аз сифати баланд ва мӯҳтавои заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон қаноатмандӣ зоҳир намуда, идомаи фаъолиятро ҷиҳати густариши минбаъда ва такмили он зарур донистанд.

Ҷонибҳо дар рафти ташрифоти мазкур аҳамияти ба имзо расонидани теъдоди ҳуҷҷатҳоро ҷиҳати тавсеаи самтҳои мушаххаси ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин рушди ҳамкориҳои байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон таъкид карданд.

Ҳуҷҷатҳои ба имзо расида заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистонро, ки поягузори боэътимоди густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои минбаъдаи ду давлат ва истифодаи босамари иқтидори онҳо ба манфиатҳои мардуми ду кишвар мебошад, таҳким хоҳанд бахшид.

Сарони давлатҳо изҳори боварӣ намуданд, ки сафари ба вуқӯъомада ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи дар анъанаҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди ду халқи бародар асос ёфта, ба он такони иловагӣ хоҳад бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов аз натиҷаҳои мулоқот, ки дар фазои барои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон анъанавии боэътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи фаъоли сиёсиро дар сатҳи олӣ, инчунин мулоқотҳои мунтазами дуҷонибаро ҷиҳати муҳокимаи ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ва муайян намудани дурнамои рушди минбаъдаи он, идома хоҳанд дод.

Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба тамоми мардуми тоҷик барои меҳмоннавозии ҳайати Туркманистон, истиқбол ва пазироии гарму дӯстона, миннатдорӣ изҳор намуда, аз Президенти Тоҷикистон даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб ба Туркманистон сафари расмӣ анҷом диҳад. Даъвати мазкур бо арзи сипос қабул гардид. Муҳлати ташрифот бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа хоҳад шуд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ РАҲМОН

Президенти

Туркманистон

Гурбангули БЕРДИМУҲАМЕДОВ

ш. Душанбе, 2 ноябри соли 2017
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: