Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Барқчиён аъзои ҲХДТ мешаванд

Барқчиён аъзои ҲХДТ мешаванд

14-07-2017, 11:23
Хабарро хонданд: 106 нафар
Назарҳо: 0
Барқчиён аъзои ҲХДТ мешаванд
СПИТАМЕН. Имрӯз дар бинои кумитаи иҷроия вохӯрии судманд бо кормандони Идораи шабакаҳои барқии ноҳия баргузор гардид. Сараввал, мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи иҷроия Болтуева В, оиди ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар рушди низоми қонунгузории кишвар, таҳкими рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи сулҳу суббот ва амнияти иқтисодии кишвар низоми давлатро дар доираи сиёсати созанда ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардуми кишвар ва давлати Тоҷикистон вусъат дода истодааст. Сипас, мутахассиси соҳаи омории кумитаи иҷроия Обидҷонова Фарзона, оиди қабули сифатнокии аъзо ба ҲХДТ, баланд бардоштани обрӯю нуфузи ҳизб дар ҷомеа, ҷалби аъзоёни нав аз ҳисоби ҷавонону занон суханронӣ намуда ҳозиринро даъват намуд, ки дар корҳои ҷамъиятию ободонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ фаъолу саҳмгузор бошанд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба 6 нафар кормандони фаъоли Идораи шабакаи барқии ноҳия шаҳодатномаҳои ҲХДТ дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: