Мулоқот бо кишоварзон11-07-2017, 10:21
Хабарро хонданд: 138 нафар
Назарҳо: 0
![]() ПАНҶАКЕНТ. Дар Ҷамоати деҳоти Фароб боздиди раиси кумиҷроия ва кормандони он бо деҳқонони хоҷагии деҳқонии Ғелониён (раисаш О. Ҳамроқулов) доир гардид. Ҳангоми боздид ҳизбиён бо рафти парвариши хуби ниҳолҳои себ, ангур, картошка ва саҳми деҳқонон дар таъмини барномаи озуқавории кишвар шинос шуданд. Раиси кумиҷроя М. Шукурзода ҳангоми мулоқот бо деқонон оид ба фаъолияти ҲХДТ, барномаи он, корҳои созандагию ободонӣ дар кишвар, хизматҳои арзандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва дигар мавзӯҳои муҳими рӯз сухан ронд. Дар охир аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ иброз доштанд, 12 нафар ба сафи ҲХДТ аъзо мешаванд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.