Мулоқот бо раисони маҳаллаҳои шаҳр13-06-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба Иди касбии КФД Хоҷагии манзилию комуналии шаҳр, бо иштироки кормандони ин муассисаи давлатӣ ва 18 раисони маҳаллаҳои шаҳр, дар толори ин коргоҳ мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент М. Шукурзода кормандони соҳаи хоҷагии манзилию комуналии шаҳрро бо рӯзи касбиашон табрику муборакбод ва орзухои нек таманно намуд. Њамчунин, зикр гардид, ки саҳми шаҳрдорон дар ободонии шаҳр, сабзу хуррамгардонӣ ва гулшинонӣ хеле назаррас аст. Дар рӯзҳои пас аз рӯйдоди офати табииӣ аҳли маҳаллаҳои шаҳр зарардидагонро хуб дастгирӣ намуданд.
Раиси кумитаи иҷроия М. Шукурзода саҳм ва иштироки раисони маҳаллаҳоро дар баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, татбиқи сиёсати имрӯзаи давлат, қонунҳои миллӣ, корҳои ободонӣ ёдрас шуда, аз онҳо хоҳиш намуд, ки ҳарчи бештар аҳолиро ба корҳои хайру наку, ҳисси масъулиятшиносӣ, ифтихор аз ватан, қабули фаъолон ба узви ҲХДТ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саҳми арзанда гузошта, дар давраи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ фаъол бошанд. Дар охир ба як қатор раисони маҳаллаҳои фаъол Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент супорида шуд. Директори КДФ «ХМК» Аҳроров Э.С. ба кормандони кумитаи иҷроия барои ташриф ва қадршиносӣ изҳори сипос намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.