Ифтитоҳи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов22-10-2018, 14:30
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
22.10.2018 10:17, ноҳияи Ҷаббор Расулов Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд гардида, баландиаш 50 метр мебошад. Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарози дорад. Корҳои сохтмонӣ дар сутунпояи Парчами далатии Тоҷикистон аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хиост” бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст. Майдони “Парчами давлатӣ” дар 15 садяк бунёд гардида, ҳудуди он гулзор карда шудааст. Ҳамзамон дар ин ҷо 3 фаввораи даврашакл бунёд ва чароғҳои равшандиҳанда насб карда шудааст, ки барои сайругашти сокинон макони мувофиқу дилфиреб аст. Акнун дар ин макони зебо ҳамчун нишони садоқат ва меҳру муҳаббат ба рамзи давлатӣ чорабиниҳои мухталиф баргузор карда мешаванд ва болафшонии Парчами давлатӣ ифтихори миллии ҳар бошандаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро боло ва ҳисси меҳандӯстии сокинонро тақвият мебахшад. facebook twitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.