Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост!

Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост!

10-11-2016, 10:20
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост!

Дар асоси қарор ва нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, инчунин дар асоси дастуру супоришҳои шуъбаи кор бо ҷавонони КИМ ҲХДТ ва шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, инчунин бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дар асоси «Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2015 – 2020», оид ба масъалаи доғи рӯз, вабои асри 21 унсурҳои коррупсионӣ, дар мавзӯӣ «Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост» бо иштироки зиёда аз 80 нафар аъзоёни ҳизб ва намояндаҳои соҳаҳои гуногун вохӯрӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Очилов Р.О., муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Эгамбердиева З.А., кормандон ва мудирони шуъбаҳои КИН ҲХДТ, намояндаҳои соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кормандони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоту ноҳия, соҳаи кишоварзӣ ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд. Дар баромади худ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Очилов Р.О., муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Эгамбердиева З.А. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ Умарзода Б. дар бораи унсурҳои коррупсионӣ, пешгирии ҳолатҳои он ва дар бораи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо коррупсия барои солҳои 2013 - 2020» суханронӣ намуданд. Дар давоми вохӯрӣ бо иштирокчиёни ҷамъомад саволу ҷавобҳо дар доираи мавзӯъ гузаронида шуд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: