Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон бунёд мегардад

Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон бунёд мегардад

3-07-2017, 09:04
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон бунёд мегардад



АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъруфтарин бонки тиҷоратии Тоҷикистон – ҶСК «Ориёнбонк» дар якҷоягӣ бо сармоягузорони чинӣ ба бунёди корхонаи бузурги истеҳсоли семент оғоз мекунанд.

Раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин корхона дар майдони 65 га замин аз ҳисоби заминҳои дар истифодаи дарозмуҳлати хоҷагии «Гагарин»-и ноҳияи Шаҳритӯс, дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён (баҳисобгирии соли 2002), ки аллакай аз ҷониби Ширкати «Ориён-инвест» ҳамвору омода карда шудааст, сохта мешавад. Ба гуфтаи раиси ноҳия, ширкати мазкур рӯзҳои наздик сохтмони бинои сеошёнаи маъмуриро, ки барои будубоши минбаъдаи мутахассисон пешбинӣ шудааст, оғоз мекунад.

Директори генералии Ширкати «Ориён-инвест» Саидисматулло Валиев, ки масъулияти пеш бурдани амалисозии ин лоиҳаро бар ӯҳда дорад, гуфт: «Ширкат барои ҷалби сармояи мазкур ду сол инҷониб бо сармоягузорони хориҷӣ музокирот гузаронид. Бунёди ин корхонаи иборат аз ду хатти истеҳсолӣ асосан бо ҳадафи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли семент, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозори дохилӣ бо сементи хушсифати ватанӣ ва содирот намудани он ба хориҷи кишвар ба нақша гирифта шудааст. Барои бунёди ин корхона беш аз 160 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст».

Сармоягузорони корхонаи нави истеҳсоли семент ҶСК «Ориёнбонк», Ширкати хитоии «Хенан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ» ва ширкати маҳаллии ҶСП «Исмоили Сомонӣ» буда, дар баробари ин, имкони амалисозии лоиҳаҳои дигари муштаракро баррасӣ доранд. Дар назар аст, ки дар заминаи корхонаи истеҳсоли семент, ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли ширеши саноатӣ, кафел ва шакар бунёд гардад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави истеҳсоли семент дар як шабонарӯз 2500 тонна сементи навъи М-400 ва 2500 тонна навъи ба сулфат тобовар, дар маҷмӯъ 5 ҳазор тонна сементи баландсифат арзёбӣ шуда, баъди ба фаъолият оғоз карданаш он бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон мегардад. Ин корхона дар ду хатти истеҳсолӣ имкон дорад, ки солона 2 миллион тонна семент тавлид намояд.

Зимнан Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён-инвест» соли 2015 бо қарори Раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла бунёди корхонаи истеҳсоли семент ташкил шудааст. Ин ширкат соли гузашта дар ҷалби сармоягузорон барои таҷдид ва навсозии ҶСК «Азот» дар шаҳри Сарбанд ҳам саҳм гузоштааст.

Ёдовар мешавем, ки таҷдид ва навсозии ҶСК «Азот»-ро дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон Ширкати хитоии «Хенан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ» амалӣ карда истодааст. Дар маросими оғози корҳои навсозии ҶСК «Азот» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда буданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: