Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳашт давлат муносибатҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карданд

Ҳашт давлат муносибатҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карданд

6-06-2017, 14:24
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Ҳашт давлат муносибатҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карданд
ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе 8 давлат муносибатҳои дипломатии худро бо Аморати Қатар қатъ карданд. Аввалин шуда ба чунин қарор Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Миср ва Аморати Муттаҳидаи Араб омаданд. Баъдан давоми ҳамон рӯз ба онҳо Яман, ҷазираҳои Малдив, мақомоти қисмати шарқии Либия ва ҷазираи Маврикий, ки дар шарқи Мадагаскар қарор дорад, ҳамроҳ шуданд. Дар ин бора «Интерфакс» хабар медиҳад.

Иддаои асосии қатъ гардидани муносибатҳо – ин дастгирии мақомоти Қатар аз террористон мебошад, ки ба муқобили онҳо эътилофи давлатҳо таҳти роҳбарии ИМА мубориза мебарад.

Кишварҳои алоҳида муносибатҳои иқтисодиро низ бо Қатар қатъ карданд. Дабири кулли Лигаи даватҳои араб Аҳмад Абдулгейт нисбат ба ин ҳодиса изҳори таассуф кард. «Абудгейт дар таассуф аст, ки муносибат миёни як зумра кишварҳои араб ба ин нуқта расид ва нисбат ба оқибатҳои он, ки ба кори муштарак дар Лигаи давлатҳои араб таъсир мерасонанд, нигарон аст».

Баъдан «The Financial Times» муайян кард, ки Қатар ба террористон барои шаҳрвандонаш (аз ҷумлаи аъзои оилаи ҳукмрон), ки онҳоро ҳангоми шикор гаравгон гирифта буданд, то 1 миллиард доллар пардохт кардааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: