Бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» нашр гардид23-06-2017, 12:23
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
![]() Нашриёти «Истеъдод» бахшида ба 20 — солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»-ро нашр намуд. Дар китоби мазкур нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ, нақши шахсиятҳои сиёсӣ дар дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ, ҳамзамон ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар масъалаи аҳамият ва арзиши бебаҳотарини сарвати табиат – об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд. Тавре аз Маркази матбуоти вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, китоби мазкур аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Асрорӣ Мирзошоҳрух ва Рамазонӣ Давлатов омода шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.