Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби «Бонувон дар сиёсат» муаррифӣ гардид

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби «Бонувон дар сиёсат» муаррифӣ гардид

12-12-2016, 13:31
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби «Бонувон дар сиёсат» муаррифӣ гардид

ДУШАНБЕ, 12.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муаррифии китоби «Бонувон дар сиёсат»-ро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор кард.
Тавре аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд, ҳамоиш бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, сиёсатмадорон, бонувони номвари кишвар, аз ҷумла Раъно Бобоҷониён, Хайриниссо Юсуфӣ, Идигул Қосимова, Марҳабо Ҷабборӣ, Хайринисо Юсуфӣ, Гулрухсор Сафиева ва Руқия Курбонова доир шуд. Ҳамоиши мазкур ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуд.
«Китоби «Бонувон дар сиёсат» бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр гардида, дар он дар бораи беш аз сад нафар бонувони кишвар, ки дар мансабҳои баланди хизмати давлатӣ фаъолият намудаанд, маълумот дода мешавад»,-зикр кард манбаъ.
Ҳадафи китоби мазкур нишон додани нақши боризи занон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, фарҳанг ва варзиш дар Тоҷикистон аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: