Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» Мулоқот бо маорифчиён

Мулоқот бо маорифчиён

15-06-2017, 09:20
Хабарро хонданд: 203 нафар
Назарҳо: 0
ПАНҶАКЕНТ. Дар арафаи таҷлили 20 солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент бо иштироки сарварони мактабҳо, нозирон ва мушовирони шуъбаи маориф ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид. Ҷамъомадро мудири шуъбаи маориф, раиси ташкилоти ҳизбии маорифчиён Шарофзода Қ. оғоз бахшида оид ба ҷашнҳои фархундаи соли 2017 сухан ронд. Ӯ доир ба пешравиҳои соҳаи маориф дар солҳои истиқлолият, дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, баланд гардидани сифати таълиму тарбия, иштироки фаъолонаи хонандагон дар Олимпиадаҳои фаннӣ ва кормандони соҳаи маориф дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, саҳми назарраси маорифчиён дар пешбурди корҳои ҳизбӣ ва иҷрои талаботи Оинномаи ҲХДТ андешаронӣ намуд. Дар маҷлис мудири шуъбаи тарғибот ва итиллооти кумиҷроия Лутфуллоев Б. иштирок ва оид ба Ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарварӣ ва илму ҳунаромӯзӣ сухан гуфт.
Дар ҷамъбасти маҷлис аз аҳли маориф хоҳиш карда шуд, ки дар маъракаи обуна барои соли 2018 ба рӯзномаҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, нақшаи пешниҳодшударо саривақт иҷро намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: