Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе роҳпаймоии автомобилии ҷавонон таҳти унвони «Роҳи Ваҳдат» баргузор мегардад

Дар Душанбе роҳпаймоии автомобилии ҷавонон таҳти унвони «Роҳи Ваҳдат» баргузор мегардад

16-06-2017, 13:21
Хабарро хонданд: 183 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе роҳпаймоии автомобилии ҷавонон таҳти унвони «Роҳи Ваҳдат» баргузор мегардад

. /АМИТ Ховар/. Дар шаҳри Душанбе роҳпаймоии автомобилии ҷавонон бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон таҳти унвони «Роҳи Ваҳдат» доир мегардад.

Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расида, сохторҳои марбута ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани роҳпаймоӣ вазифадор гардиданд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ин роҳпаймоӣ бо мақсади таҳкими дӯстию рафоқат ва рушди фарҳанги миллӣ, ҳамзамон густариш бахшидан ба арзишҳои миллӣ, ошноӣ пайдо намудани ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар аз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ тарҳрезӣ шудааст.

Ҳамчунин дар доираи ин чорабинӣ баргузор намудани Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мо, ҷавонон бо Пешвои худ ифтихор дорем!» дар назар дошта шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки роҳпаймоии автомобилии ҷавонон «Роҳи Ваҳдат» соли панҷум аст, ки дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Соли гузашта иштирокчиёни роҳпаймоӣ ба ВМКБ сафар намуда, дар зарфи 4 рӯз аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят дидан намуда, бо табиати зебои ин мавзеъ ва урфу оддати сокинонаш ошно гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: