Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Зиёда аз 5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Красноярски Россия Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн хоҳанд гирифт

Зиёда аз 5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Красноярски Россия Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн хоҳанд гирифт

13-06-2017, 08:20
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0

Зиёда аз 5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Красноярски Россия Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн хоҳанд гирифт
/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикони вилояти Красноярски Федератсияи Россия дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаро ба дӯстиву бародарӣ даъват менамоянд. Зиёда аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин вилоят кору фаъолият доранд, ин рӯзро таҷлил хоҳанд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини раиси «Пайванд» (ҷамъияти тоҷикони шаҳри Красноярск) Ҳазаралӣ Асламов иттилоъ дод.

Номбурда зикр намуд, ки «дар вилояти Красноярск зиёда аз 30 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият мекунанд. Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Красноярск соли 1997 таъсис ёфта, дар он 15 ҳазор нафар шаҳрвандони мо номнавис шудаанд».

Ба гуфти Ҳ. Асламов, « соли 2011 дар назди ҷамъият як Маркази ҷавонон аз ҳисоби донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишкадаҳои ин ҷо таҳсил мекунанд, таъсис дода шуд. Дар чорабиниҳои ин марказ 130 нафар ҷавонони тоҷик фаъолона иштирок мекунанд, ки аз онҳо 50 нафарашон дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Красноярск таҳсил доранд».

«Ҳамаи чорабиниҳои ҷашние, ки баргузор мегарданд, дар якҷоягӣ бо ин Марказ гузаронида мешавад. Ҳамчунин ҳамаи анъанаҳои миллӣ, аз қабили тўйи домодиву арусӣ ва хатнасур дастаҷамъона гузаронида мешаванд», — изҳор дошт Ҳ. Асламов

Тавре ӯ зикр намуд, ҷамъияти тоҷикони Красноярск иқдоми некро пеша карда, ҳамасола зимни истиқбол гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Қурбон ба дармондагон ва бошандагони хонаи ятимони вилоят сару либос ва хӯрока кӯмак менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: