Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Табрикоти Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Табрикоти Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

25-05-2017, 09:14
Хабарро хонданд: 625 нафар
Назарҳо: 0
Табрикоти Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз бузуртарин падидаҳое маҳсуб мешавад, ки зодаву парвардаи даврони истиқлол мебошад ва ба ифодагари сиёсати пайгиронаву ҳадафманди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи дастгирии ҷавонон ба шумор меравад. Таъкиди махсуси Сарвари давлат оид ба омӯзиши фарҳангу таърихи миллат, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар, таваҷҷӯҳ ба беҳдошти вазъи иҷтимоии донишҷӯён, боло бардоштани идрорҳои онҳо ва эълон доштани соли 2017 – Соли Ҷавонон дар Паёми Президенти кишвар гувоҳ бар он аст, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба қудрати офаринандагӣ ва тафаккури солиму созандаи ҷавонони имрӯз эътимоди комил дорад ва барои тарбияи ҳамаҷонибаи онҳо саҳми арзанда мегузорад. Таҷлили ботантанаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки марҳила ба марҳила ин тантанаи таърихӣ ба иди шукӯҳманди ҷавонон табдил меёбад. Дастгирии ҷавонони эҷодкору болаёқат аз ҷумлаи рукнҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумхурӣ ба хисоб рафта, яке аз самтҳои афзалиятноки барномаи ҲХДТ маҳсуб меёбад. Маҳфили мубохисоти сиёсии ҷавон, курси захираи кадрҳои КИВ ҲХДТ, баргузории конфронсҳои илмӣ-назариявӣ, идрорпулиҳо барои донишҷӯён ва олимони ҷавон, ҷоизаҳои номии Кумиҷроияи вилоятӣ, ташкили ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар назди ҲХДТ маҳз ба хотири мусоидати бештар ба пешравию ташаккули насли ҷавон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо таъсис ёфтаанд. Ҳифзи иҷтимоии ҷавонон ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду болаёқат яке аз хадафхои асосии Оиннома ва Барномаи ХХДТ ба шумор рафта, аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишвар, Раиси ҲХДТ Ҷанобӣ Оли Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ҷавонони вилояти Суғд бо иқдомҳои шоиставу ватандӯстонаашон на як бору ду бор сазовори боварии аҳли ҷомеа ва ҳизби мо буданашонро дар амал нишон додаанд. Тарбияи насли солим бо тафаккури солиму созанда ба иҷрои рисолати бузурги Шумо ҷавонон такя мекунад. Дар иҷрои ин вазифаи муқаддас ва рисолати бузурги таърихӣ ба ҳамаи Шумо барору комёбӣ хоҳонем. Ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон сидқан таҳният гуфта, бароятон пирӯзӣ, шодкомӣ, саодати бепоён ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем. Бигузор зиндагиву фаъолияти ҳар яки Шумо дар партави нурҳои офтоби маърифату саодат ва шукуфоии ваҳдати кишвари Тоҷикистон мунаввару шукӯҳманд бошад!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: