МО ҲАМА САРБОЗОНИ САРСУПУРДАИ ВАТАНЕМ!25-04-2017, 10:38
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
Хизмат ба Ватан, муқаддас шуморидани истиқлолият, ваҳдату сулҳу субот ҳамчун сарчашмаи созандагиҳои беназир, таҳкимбахши худогоҳию меҳандӯстӣ ва ватанпарварию ҳуввиятмандӣ дар ниҳоди ҷавонони кишвар мебошад. Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама, ба зиммаи шумо – ҷавонони баору ғаюр ва далеру шуҷои Ватан вогузор шудааст. Шумо бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст доред, ба қадраш расед ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоед ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино дар Коллеҷи тиббӣ- иҷтимоии шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат вохӯрӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд. Дар вохўрии мазкур қайд гардид, ки хизмат ба Ватан вазифаи ҷонии ҳар як ҷавонписар ба ҳисоб рафта, таҳкими амният ва посдоштани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи сарзамини аҷдодӣ рисолати ҳуввиятмандию матинии ҳар як ҷавонмард баҳисоб меравад. Ҷавонон бояд, бо эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ, шуҷоату мардонагӣ, ҷонфидои ин Ватан бошанд ва барои ҳимои он ҷони худро дареғ надоранд. Зеро ин сарзамин гаҳвораи ҳаёт, парваришгари рўҳу ҷон, ормонбахши зиндагӣ ва сарчашмаи мусаффои хушбахтиҳои ҳар як ҷавон аст. ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.