БАҲРИ ТАРҒИБИ ҲАЁТИ ОСУДА25-04-2017, 11:35
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи иҷроиши самтҳои асоси фаъолияти шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманди мудири шӯъбаи мазкур Зеварой Бобоева бобати тарбияи насли ояндасоз бо донишҷӯёни бахшҳои журналистика, фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ, назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик доир гардид. Дар он оиди тарғиби либоси миллӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, тарғиби ҳаёти осоишта ва алалхусус ибрат аз ҳодисаи мудҳиш ва фоҷиабори шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Русия, ки аз тарафи як ҷавонони қирғиз рӯйи кор омад. Ин воқеа боиси коста гардидани муносибати ҷумҳуриҳои муштаракулманофеъ гардид. Ҳодисаи мазкур моро ҳушдор месозад, ки кор бо духтарону бонувон ва ҷавононро дар масоили баланд бардоштани маърифати сиёсӣ минбаъд ҷоннок намуда, дар ин роҳ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва барномаҳои дастурдиҳиро пурмӯҳтаво, мукаммалу мушаххас матраҳ сохта, баҳри амалӣ намудани он аз сабақҳои таърих ибрат омӯзем. Эълон гардидани Соли ҷавонон аз тарафи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумат нисбати ин қишри ҷомеасоз аст. Барҳақ, ҷавонон боли парвози кишваранду ояндасози Ватан. Қудуми эшон дар омӯзиши илму ҳунар, азхудсозии донишҳои муосир, фарогирӣ бо технологияи ҷадид ва фаъолияти пурсамару гоми муфид боиси арҷгузорист. Пас, мудом дар таълиму тарбияи онҳо бори масъулиятро бояд бар дӯш гирифт. Зиндагирову гиромӣ доштани муқаддасоти давлату миллатро бояд биомӯхт ва дар ниҳоди насли ояндасоз ҳисси зебопарастӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва содиқ будан ба хизмати ин марзи муқаддасро бедор мебояд кард. Дар баробари пешрафти илму техника ва рушди ҷомеа ҳастанд ҷавононе, ки рӯ ба гумроҳӣ меоранду пайи амальои террористиву экстремистӣ фирор ба давлатҳои ғайр месозанд, ки ин боиси нигаронист. Онҳо дини мубини Исломро бозичаи дасти хеш қарор дода, онро ба таври худ истифода мебаранд. Вале, ин кӯтаҳназарии онҳо боиси футӯр рафтани бинои ҳаёту ҳаракоти онҳост. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.