Мо ҷавонон - ҳимоятгари Ватанем6-04-2017, 12:40
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Тавре, ки дар моддаи 14-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст - «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст», аз ин лиҳоз, ҷавонписарони ноҳияи Деваштич низ имрӯзҳо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи муқаддаси хеш дониста, баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2017, таҳти №852 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда истодаанд. Сол ба сол афзун гардидани сафи даъватшавандагоне, ки аввалин шуда ба хизмати ҳарбӣ рафтанӣ ҳастанд, дар ноҳияи Деваштич низ зиёд гардида, тариқи ботантана гусел намудани онҳо низ ба ҳукми анъана даромадааст. Чорабинии тантанавии гусели зиёда аз сад нафар даъватшавандагон бо гузоштани гулчанбар дар пояи муҷассамаи Сарбози Ватан оғоз гардида, бо иштироки роҳбарони соҳаҳои гуногуни ташкилоту корхонаҳо, намояндагони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, гуруҳи сарбозони қисмҳои низомии дар ноҳия буда, хонандагони мактабҳо ва падару модарон дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид. Дар рӯзи аввали гусел натиҷаи баланд гардидани ҳисси ватанпарварии ҷавонон ва хуб ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотии масъулини соҳа, бахусус шӯрои маҳаллаҳо ва фаъолони деҳаҳои ноҳия назаррас буда, нақшаи пешбинишудаи сафарбаршавандагон аз Ҷамоатҳои деҳоти Яхтан ва Ғазантараки ноҳияи Деваштич ба пуррагӣ иҷро гардида, аз Ҷамоатҳои деҳоти Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Росровут, Далёни Боло ва шаҳраки Ғончӣ низ ҷавонони баору номус ва шуҷою далери ноҳияи Деваштич азми хизмати Ватан карданд. Маросими тантанавии гусел пас аз гузоштани гулчамбар идомаи худро дар Қасри фарҳанги маркази ноҳия ёфта, бо суханронии Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода, бо супоридани туҳфаҳо ба наваскарон, бо Сипосномаву Раҳматномаҳо қадршиносӣ гардидани фаъолону волидони сарбозони сарбаланд шукуҳи хосса ба худ касб намуд. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Даврон Эргашев, сарбоз сержанти қисми низомии 0214 Парвиз Исматов, даъватшаванда Фаттоҳзода Сунатулло Абдулло дар баромадҳои хеш хизмат ба Ватанро қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард ҳисобиданд. Аз номи волидони даъватшавандагон Умрӣ Юлчиева баромад намуда, аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён гардида, қайд шуд, ки барои мо волидон соли 2017 басо хотирмон буда, аз ҷониби Пешвои миллат соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намудан моро водор месозад, ки барои тарбияи фарзандони ватандӯст меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро равона созем. Ба даъватшавандагон аз ҷониби модарон нони насиба пешниҳод шуда, чорабинии тантанавии гусели фарзандони шуҷоъ бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва оростани дастархон барои ҳомиёни Ватан хотима ёфт. Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.