Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Эрдоган нақшаи «фавран ҷорӣ намудани ҳукми қатл»-ро баррасӣ карданист

Эрдоган нақшаи «фавран ҷорӣ намудани ҳукми қатл»-ро баррасӣ карданист

18-04-2017, 09:04
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Эрдоган нақшаи «фавран ҷорӣ намудани ҳукми қатл»-ро баррасӣ карданист

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Эҳтимол дар Туркия ҳукми қатл расман ҷорӣ ва қонунӣ карда шавад. Дар ин бора президенти Туркия Реҷеп Эрдоган изҳор дошт. Дар раъйпурсие, ки рӯзи якшанбе баргузор гардид, беш аз 50 дарсади шаҳрвандони Туркия ба ҷонибдории ворид намудани тағйиру иловаҳо ба конститутсияи кишвар овоз доданд.
Президент Реҷеп Эрдоган изҳор дошт, ки пас аз раъйпурсие, ки рӯзи якшанбе, 16 апрел баргузор гардид, дар ҳукумати кишвар баррасии масъалаи зарурати ҷорӣ намудани ҳукми қатлро оғоз мекунанд.
Ӯ зикр намуд, ки тасмим дорад масъалаи ба конститутсия баргардонидани ҳукми қатлро бо сарвазир Бинали Йилдирим ва раиси Ҳизби мухолифи ҳаракати миллӣ Девлет Бахчелӣ фавран баррасӣ намояд.
Эрдоган афзуд, ки баргузор намудани раъйпурсии нав вобаста ба ҳукми қатл имконпазир аст. Ӯ ёдрас шуд, ки мардуми Туркия моҳи июли соли 2016 ҳангоми кӯшиши табаддулот муқобилият нишон дода, «шикаст нахӯрд».
Ҳукми қатл дар Туркия шурӯъ аз соли 1984 иҷро намешуд. Соли 2004 Эрдоган бо мақсади риояи нақшаи шомилшавии кишвар ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо ин тасмимро расман бекор карда буд. Муҳокимаи ҷорӣ намудани ҳукми қатл пас аз табаддулоти соли 2016 аз сар гирифта шуд. Эрдоган зарурати қонунӣ намудани ҳукми қатлро ба хотири ҷазо додани онҳое, ки дар табаддулот даст доштанд, борҳо зикр намуда буд.
Эрдоган худи раъйпурсиро заминаи «ислоҳоти муҳим» дар таърихи кишвар хонд. Рӯзи якшанбе, 16 апрел 51,23 дарсади шаҳрвандони Туркия ба ҷонибдории гузариш аз шакли идоракунии парламентӣ, ки аз замони таъсиси Ҷумҳурии Туркия вуҷуд дошт, ба президентӣ овоз доданд. Ин маънои васеъ намудани ваколати президенти кунуниро дорад. Эрдоган метавонад шахсан вазиронро таъйин намояд, фармонҳо диҳад, ҳолати фавқулода эълон намояд ва парлумонро барҳам диҳад, инчунин мансаби сарвазирро бекор кунад. Мухолифини гузариш ба низоми нави идоракунӣ 48,77 дарсад овоз гирифтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: