
Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо иштироки аъзоёни раёсати КИШ, аъзоёни Кумитаи иҷроия, вакилон ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ барпо гардид. Дар маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи КИВ ҲХДТ Фирӯза Раҳимова иштирок ва баромад кард. Инчунин дар кори ҷаласа муовини Раиси шаҳр Содиқ Мирсаидов ширкат варзид. Аз рӯи масъалаҳои муҳокимакардашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар охири ҷаласа ба якчанд нафар фаъолони ҳизб сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан супорида шуд. Инчунин якчанд нафар ҷавонони фаъол ба сафи ҳизб дохил карда шуданд.