Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Наврӯзи Бадахшон ва парастиши об

Наврӯзи Бадахшон ва парастиши об

15-03-2017, 14:14
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 0
Наврӯзи Бадахшон ва парастиши об
Наврӯз миёни маросиму оинҳои қадими ниёгон бешак, аз муқаддастарину пойдортарин ҷашнҳост. Бовуҷуди таъсири тағйироту таҳаввулоти ҳаёти иҷтимоӣ-маишӣ ва фарҳангӣ-маънавӣ дар сарзаминамон ҳазорсолаҳо асосу бунёди он пойдору барҷо мондааст. Чаро ки он дар ҳама давру замонҳо рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, маърифат бар ҷаҳолат, хубиҳо бар бадиҳо талқин шудааст. Бар изофа Наврӯз ба ҳаёту рӯзгори мардум сахт бастагӣ дошт ва дорад.
Мавриди зикр аст,ки ин ҷашни фархунда дар бастагӣ ба муҳити ҷуғрофӣ, шароити иҷтимоию таърихӣ ва тарзи рӯзгори мардуми манотиқи гуногун таври фарқкунанда таҷлил мегардад. Ин ба он маъност, ки Наврӯз мухолифи суннату оинҳои миллӣ дар ягон давру замон набудааст, балки ба онҳо омехта гардида, шукӯҳу шаҳоматашонро афзун сохтааст. Минҷумла сайри кӯтоҳи таърихии ҷашни фархунда дар навоҳии Бадахшон баёнгари узван ба ҳам алоқамандии хешу оин ва русуми мардумист. Табиати кӯҳистон ва мавқеи ҷуғрофии деҳот, иҷтимоию маишӣ ва маънавии сокинони онҳо тафриқаҳо дар таҷлили Наврӯз ба вуҷуд овардаанд, таомулҳо рангорангу фарқноканд, аммо жарфтар бингарем, онҳо якрангу монанданд. Зеро ин ҷашни хуҷаста ҳама давру замонҳо барои мардумон шарифу муқаддас ва рамзи покию озодагӣ буду боқӣ мемонад, равобити ногусастанию қавии одамонро бо табиат, бо замин дар ниҳодаш таҷассум гардондааст.
Чун Наврӯз ҳамбастагии зичи инсону табиатро бозгӯ менамояд, боварию эътиқод ва ақидаҳои мухталифи одамонро дар худ ғунҷондааст. Яке аз унсури муҳими табиат об маҳсуб меёбад, ки дар маросими Наврӯзи Бадахшон ба он аҳамияти хос дода мешавад. Об аз бузургтарин неъмати моддӣ ва аносири олами ҳастист, барои бақои кулли мавҷудоти зинда омили асосӣ ба шумор меравад, аз рӯзи азал ба рӯзгори инсонҳо ҳамбастагии ногусастанӣ дошту дорад, дар ҳаёти ҳамарӯзаи инсонҳо аҳамияти фавқулодаро дорост, онҳо нисбаташ ихлосу эътиқоди қавӣ зоҳир намуда, аз муқаддасоти олами ҳастӣ мешуморанд. Ҳама маврид мардум ворид кардани ифлосиро ба он гуноҳи азим медонист, рамзи покию равшанӣ мешумурд. Ниёгонамон ҳамеша аз об ҳамчун мӯъҷизаи муродбахш истифода бурда, ақоиду пиндоштҳои хешро чун фоли нек ба амал мебароварданд.
Дар Бадахшон чун дигар манотиқи ориёнишин зимни таҷлили Наврӯз қатори ҳафтсин (ҳафтшин) рӯйи дастархони ҷашнӣ гузоштани косаи об, дар субҳи рӯзи аввали ид рӯйи ҳамдигар пошидани об чун расми дерини мардуми эронитабор ба анъана даромадааст. Оғози ҷашни фархунда ва рӯзҳои баъдина сари чашмаҳо, саргаҳи ҷӯйҳо, даҳаи рӯдхонаҳо, лаби рӯдҳо ҳар гуна урфу одат, бахусус базму бозӣ ва назру қурбон кардани ҳайвонот аз суннатҳои дерини мардумамон ба ҳисоб меравад. Ба хотири фаровон гардидани оби ҷӯю рӯдҳо ва чашмаҳо дуд андохтани ҳазориспанд (ситрахм) ва қурбон кардани ҳайвон, таҷлили базму бозиҳои шавқовар дар саргаҳи онҳо ва ғайра ба анъана даромадааст. Ҳатто давоми се рӯзи аввали ҷашни хуҷаста дар оби ҷӯю рӯдҳо шустани дасту рӯ муносиб дониста мешавад.
Аз нақли бузургсолорон бармеояд, ки ниёгон дар кӯҳистон фаровонии чашмаю рӯдхонаҳоро аз каромоту баракати фариштаҳо мепиндоштанд ва назру худоӣ ба хотири поси иззату икроми онҳо ба ҷо оварда мешуд. Ҳамасола айёми Наврӯз, аз ҷумла маросими ҷуфтбаророн одамон дар даҳанаи рӯдхона, ки он ҷо саргаҳи ҷӯйҳост, ҷамъ омада, таоми махсуси маросимӣ (бештар бо номи «бат» машҳур аст) мепухтанд ва пазанда қабл аз ҳама дар зарфи алоҳида барои фариштаҳои об хӯрок мемонд ва сипас онро барои аҳли деҳ ва меҳмонон тақсим мекард. Ин анъана ба ин ё он шева то кунун идома меёбад.
Басо ба чашм мехӯрад, ки таъбири ба остон (зиёратгоҳ) табдил додани чашма дар бисёр гӯшаи маҳалҳои кӯҳистон роиҷ аст. Дар Наврӯз баробари маросимҳои фитру қурбонӣ ва дигар оинҳои суннатӣ дар саргаҳи чашмаю рӯдхонаҳо ба сифати садақа таом ё дигар ашё (матоъ, расан,пашм) инчунин чароғакҳо аз чӯби арча гузошта мешаванд. Бо иҷрои ин қоидаҳо гӯё таомро фариштаҳо тановул ва садақаро гирифта, ба манотиқи аҳолинишин баракати сол ато менамоянд. Пошидани гарди орд ҳар субҳи се рӯзи аввали иди хуҷаста ба оби ҷӯю рӯдхонаҳо низ аз эътиқодоти баланди мардум ба ин мӯъҷизаи табиат башорат медиҳад. Дар бисёр маҳалҳои кӯҳистони Бадахшон субҳи содиқи рӯзи аввали Наврӯз занону духтарон бо зарфҳо сӯйи саргаҳи чашмаю рӯдхонаҳо мераванд, то аз обашон таомҳои наврӯзӣ тайёр кунанд. Ин расми қадим маънои рамзӣ дорад: сарчашма нишонаи покист, покӣ асоси рӯзгор ва тозагӣ бақои он мебошад, ин ҷо ба дигар тафсиру ташреҳ зарурат намемонад.
Ба ҳамин тариқ, об ҳамчун як ҷузви табиат дар замири мардумамон мақоми махсус дошту дорад ва парастиши он дар иди Наврӯз як амри табиӣ мебошад.
Баноз Чоршова, омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №12, ноҳияи Шуғнон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: