Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РАҲНАМОИ МУЛКИ ОБОД ВА КИШВАРИ ПЕШРАФТА

РАҲНАМОИ МУЛКИ ОБОД ВА КИШВАРИ ПЕШРАФТА

27-12-2016, 10:34
Хабарро хонданд: 351 нафар
Назарҳо: 0
РАҲНАМОИ МУЛКИ ОБОД ВА КИШВАРИ ПЕШРАФТА

Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони «Раҳнамои мулки обод ва кишвари пешрафта» баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ конфронсро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид шуда, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар баробари таҳлили амиқи соҳоти гуногуни халқ Роҳбари Давлат ба масоили маориф низ диққати алоҳида дода, таъкид бар он намуданд, ки дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалин-дараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем.

Сипас, муовини аввали раиси Шурои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, профессори донишгоҳ Абдуҷалил Бобокалонов таҳтии унвони “Паёми Пешвои миллат-ҳидоятномаи ҷавонон ба иқдомҳои созанда” маърўза намуда, аз ҷумла зикр кард, ки Тоҷикистон худ давлати ҷавон асту ҳисоби миёнаи синну соли аҳолияш 24 сола буда, 75 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то синни 30 сола ташкил мекунанд. Солҳои истиқлолияти давлатӣ таълиму тарбияи насли наврас фароҳам овардани шароитҳои ҷавобгуйит талаботи замони мусоир ба мадди назар гирифта ва ба он таваҷҷуҳ карда шуд ва вобаста ба ин, аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб гардид, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд. Дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат ҷавонон ҷойгоҳи хосса дорад. Дар Паёми Роҳбари Давлат ба Маҷлиси Олӣ ба ин нукта боз таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд. Ва соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид.

Баъдан дотсент Нуралӣ Нуров дар мавзуъи “Паёми Пешвои миллат сарчашмаи сарвати маънавӣ ва сармояи инсонӣ” баромади пурмуҳтаво намуд.

Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни кори конфронс мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ ва мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Мирзоосим Каримов иштирок ва баромад намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: