
Санаи 06.03.2017 дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи модар роҳпаймоӣ таҳти унвони «Занон – пайрави Пешвои миллат» ва чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.
Роҳпаймоӣ аз назди оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ оғоз гардида то назди Қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб идома ёфт.
Занону духтарон дар тан либосҳои миллӣ, чакану гулбаст, атласу адрас, дар даст Парчами миллӣ ва шиору навиштаҷотҳо бахшида ба Рӯзи модар бо рӯҳияи идона дар роҳпаймоӣ иштирок намуданд.
Ҳамин тариқ баъд аз роҳпаймоӣ дар Қасри фарҳангии шахри Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло чорабиниро оғоз бахшида дар қсимати тантанавии чорабинӣ ба як қатор фаъолзанони шаҳри Кӯлоб барои хизматҳои арзандаашон ба тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдони намуданд.

Дар ҳамин радиф ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ҳамчун зани пурмасъул, ташкилотчӣ ва саҳмгузории ӯ дар таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз тарафи роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба медали Аълочии фахрии маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи ҳунармандони шаҳри Кӯлоб ба ҳозирин таронаҳои дилнишин ҳамчун гулдаста ҳадя гардид.