Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тантанаи парчам дар Кӯлоб

Тантанаи парчам дар Кӯлоб

25-11-2016, 10:49
Хабарро хонданд: 246 нафар
Назарҳо: 0
Тантанаи парчам дар Кӯлоб
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ бо иштироки ҳазорон нафар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ чорабинии ботантана баргузор гардид.
Чорабинии мазкур нахуст бо роҳпаймоии ҷавонон таҳти унвони «Парчамат поянда бод Тоҷикистон!» аз назди муҷтамаи 2700 – солгаии Кӯлоб бо рӯҳу илҳоми тоза ва ифтихори миллӣ дар даст парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиорҳои даврони соҳибистиқлолӣ то назди муҷтамаи парчами миллӣ, ки дар маркази шаҳр 55 метр қад афрохтааст идома ёфта, ба хотири гиромидошти парчами давлатӣ дар назди он гулчамбар гузошта шуд.
Минбаъд қисмати тантанавии чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло оғоз гардида, мавсуф қайд кард, ки гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард ва бунафшро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерўманди замона ба ҳисоб мерафт. Махсусан ливои Коваи бузург, ки нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад. Рангу аломатҳои Парчами имрӯзаи мо низ ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии тоҷик аст.

Тантанаи парчам дар Кӯлоб
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи роҳбарият шаҳр ба як қатор фаъолон ҷоиза ва туҳфаву ифтихорномаҳо супорида шуд. Қобили қайд аст, ки дар арафаи ҷашни Парчами миллӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул барои хизматҳои арзандааш ба нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардида, нишони мазкур дар ин чорабинии бошукуҳ аз ҷониби раиси раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло бо ӯ тақдим гардид.
Тантанаи парчам дар Кӯлоб
Баъдан аз тарафи ҳунармандони шаҳр ба иштирокчиён қисмати фарҳангии чорабинӣ бо рақсу суруд ва шеърҳои ватандустона дар васфи Тоҷикистон ва Парчами миллӣ тақдим гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: