Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Омилҳои хатарзои ҷомеа дарки саривақтӣ мехоҳад

Омилҳои хатарзои ҷомеа дарки саривақтӣ мехоҳад

6-03-2017, 10:32
Хабарро хонданд: 206 нафар
Назарҳо: 0
Омилҳои хатарзои ҷомеа дарки саривақтӣ мехоҳадНазаре чанд перомуни мақолаи «дарди рӯзгори» доктори илмҳои фалсафа Саидмурод Фаттоҳзода Муовини якуми Раиси Ҳихби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ!…»
Мавзӯъ ва масъалаҳои дардноки матолиби зикршуда агарчи амиқан ба масоили роҳҳои пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои муосири ҷомеа дахл карда бошад ҳам, вале ҳар як шаҳрванди бедордилу садоқатпешаро наметавонад бетарафу нодида гузорад. Шароити марҳилаҳои раванди суръатноки ҷаҳонишавӣ ҳама гуна саду марзҳои муайяншударо убур намуда, аксари соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи кишварҳои оламро ба мушкилоту хавфи нобудшавии суннатҳои миллӣ рӯ ба рӯ намудааст, ки моҳияти дарки чунин омилҳои хатарзои ҷомеаро муҳтарам С. Фаттоҳзода бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои илмии дирӯз ва имрӯзи замон ба таври воқеъбинона зикр намудааст. Аз дидгоҳи мо ҳадафи аслии мақолаи мазкур қабл аз ҳама як навъ ҳушдор ба тамоми аҳли ҷомеа барои саҳмгирӣ дар масири татбиқи ҳадафҳои волотарини давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст. Нуктаи муҳими дигаре, ки муаллиф мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор додааст ин дар заминаи воқеаву ҳаводиси ноороми минтақаҳои олам таҳрик додани муқовимати диниву мазҳабӣ, инчунин ба ҷойи арзишҳои аслӣ таҳмил намудани арзишҳои сунъӣ мебошад. Дар пайвастагӣ ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанг, забон, дину мазҳаб ва расму оини ниёгон ҳанӯз аз давраҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар китобҳои зиёде аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиф гардиданд, ки метавон аз онҳо ба таври самаранок истифода карда, ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву ватандорӣ тарбия намуд. Дарвоқеъ, масъалаҳои зикрёфта на танҳо барои муҳаққиқони илмҳои ҷомеашиносӣ, балки барои тамоми шаҳрвандони кишвар аҳамият ва фазои махсуси таҳлилӣ доранд. Аз рӯйи натиҷа ва таҳлили олимону коршиносони соҳа чунин гурӯҳҳои манфиатхоҳу ифротӣ дар муносибат бо ҷомеа на аз илму фарҳанг, балки аксаран аз эҳсосоту равонияти инсон кору истифода менамоянд. Албатта, бартарафсозии чунин мушкилоти мавҷударо, қабл аз ҳама бояд дар заминаи низоми дурусти самарабахшии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёна ва олии касбии кишвар тақвияти бештар бахшидан зарур аст. Чунки заминаи устувори муҳаббати дӯст доштани меҳан маҳз аз ин муассисаҳои таълимии кишвар шурӯъ шуда, то макотиби олӣ ташаккулу тақвияти бештар меёбад.
Мусаллам аст, ки дар тарбияи суннатии мардуми мо афзалият ба риояи дину мазҳаб ва оини ниёгон бештар асту дар иҷрои саривақтии онҳо талоши бештар дида мешавад ва бояд ҳамин тавр ҳам бошад. Вале аз дидгоҳи дигар расидагӣ ба ин эътиқоду масъулиятро дар масҷиду ҷойҳои ҷамъиятӣ дигартар, бидуни риояи камтари мазҳабу суннати аслии мо ба сомон мерасонанд, ки чунин зиёдаравиҳо, пеш аз ҳама аз сатҳи донишу касбияти нопурраи баъзе аз сархатибу ба ибораи дигар муллоҳои камтаҷриба вобастагии бештар дорад. Манзури банда амри маъруфи таъсирнопазиру дақиқан расонида натавонистани намояндагону масъулини бархе аз масҷидҳои ҷомеи кишвар аст, ки дар ин ҷо аз намояндагон ва дигар олимону коршиносони соҳа бахшиш пурсида, ҳатто шоҳиди ба ин монанд мисолҳоро оварда метавонам; таҳоратро чӣ гуна бояд кард, дар адои намоз чӣ гуна либос дошт, дар вақти хонадор шудан кадом амалу ҳаракат иҷозат аст, ба ин ва чандин мисолҳои дигар…. Дар ин ҷо аслан мо ҳам чизи нав гуфтанӣ нестем, вале воқеияти замонро ба самъу ҳуши ҷомеа расониданро рисолати азалии худ мешуморем. Бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои мақолаи С. Фаттоҳзода мушаххасан илова намудани чунин омилҳои мавҷударо зарурӣ ва хеле саривақтӣ мешуморам. Баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо рӯҳониёну олимони соҳа, ташкили суҳбатҳои расмиву ғайрирасмӣ, ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа барои дарёфти мушкилот ва назарпурсии дастаҷамъӣ метавонад барои дарёфту ҳалли масъалаҳои таъсиррасонии манфӣ мусоидати фаъол намояд. Ҳамин тариқ, бо ҷонибдорӣ ба хулосаи муаллиф такроран илова менамоям, ки дар шароити кишвари ҷавони мо, роҳи дурусти ягона оромиву амнияти ҷомеа ва рушди босуботи он ин - таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ки дар он дин аз давлат комилан ҷудо аст, метавонад дар иҷрои ормонҳои деринаи мо нақши муҳиму муассир гузорад.


Ҳақназар Каримзода, сармуҳарири нашрияи «Мароми пойтахт»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: