Арзишҳои меҳварӣ21-05-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 500 нафар
Назарҳо: 0
Ҷомеа низомест, ки мунтазам таҷдид мешавад. Ҷузъиёти таркибии он афрод аст, яъне инсонҳои мушаххас аст, ки онҳо тибқи қонунияти табиӣ доимо мавриди таҷдид қарор мегиранд, яъне тавлид мешаванд, ташаккулу такомул меёбанд ва дар охир таназзул мекунанд ва аз байн мераванд. Аз ин рӯ барои ҳифзи бақои як ҷомеа ҳамчун низоми алоҳида, ки вижагиҳо, манфиатҳо ва саҳнаи ҷуғрофии мавҷудияту фаъолияти хешро дорад, интиқоли мунтазам ва дурусти иттилоот аз як насл ба насли дигар оид ба гузаштаи худ, ҳадафҳо ва рисолати ҳастии он аз муҳимтарин омилҳо маҳсуб мешавад. Дар саҳнаи пур аз моҷарову фоҷеаи таърих он ҷомеаҳо ва миллатҳое побарҷову осебнопазир мемонанд ва рушд мекунанд, ки дар самти интиқоли ин иттилоот ба таври ҷиддиву барномавӣ талош меварзанд.
Фарзияҳо дар хусуси пиршавии миллатҳо ҳамчун мавҷудоти биологиву ҷузъи биосфера аслан аз қабили назарияҳое ҳастанд, ки пешниҳодкунандагони онҳо мехоҳанд дар ҷомеаи инсонӣ ва илми сотсиологияву таърих низ қонунҳои биологиро татбиқ кунанд. Назарияҳое аз қабили назарияи этногенези олими рус Гумилев Л.Н., ки зоҳиран дар қолаби илмӣ ва таҷрибиву амалӣ навишта шудааст, чизе ғайр аз фарзиябофӣ нест. Дар робита ба чунин фарзияҳои беасос набояд тасаввур кард, ки миллати мо «пир» шудааст. Магар мардуми Чинро, ки таърихи беш аз 4000 солаи давлатдорӣ дорад, метавон гуфт, ки миллати «энерҷии худро сарф карда ва ба завол маҳкумшуда» аст? Аз ин рӯ мо бояд ангезаи адаптатсияву мутобиқшавии миллатро вобаста ба таъсири муҳити сиёсиву идеологӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кунунии ҷаҳон такмил диҳем. Дар ин самт бояд донист, ки миллати мо дар муқобили таъсири муҳити носолиму сирояткунандаи таърих барои бақои ҳастии худ ҳаддалимкон иммунитет ҳосил кардааст, аммо ин иммунитет бояд ба таври барномавӣ тақвият дода шавад, то мо на фақат аз лиҳози физиологӣ, забонӣ ва фарҳангӣ, балки аз лиҳози сиёсӣ низ асолати худро бардавом ҳифз кунем. Яке аз муҳимтарин омилҳои тақвияти ваҳдати миллӣ, устувории давлат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи кишвар ин аст, ки аксари афроди ҷомеа дар мавриди интихоби мавқеи сиёсӣ доир ба масъалаҳои усулӣ, аз ҷумла якпорчагии марзиву маъмурӣ, истиқлолияти давлатӣ, амну суботи сиёсӣ ва амсоли инҳо тавофуқи назар дошта бошанд, яъне доир ба масъалаҳои аслӣ ва арзишҳои меҳварӣ диди аксарият бо ҳам созгор бошад. Аз ин аст, ки масъалаи муайян кардани арзишҳои меҳварӣ ва тарбияи аҳли ҷомеа дар рӯҳияи эҳтирому эътиқод ба ин арзишҳо аз қабили масъалаҳои бунёдиест, ки ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти ҷомеа ҳангоми таваҷҷуҳ зоҳир накардан ба он ҳамеша осебпазир хоҳад буд. Арзишҳои меҳварии ҷомеа маҷмуи арзишҳои муҳимтарини аз ҷониби умум эътирофшудаест, ки дидгоҳи умумии аҳли ҷомеаро ба вуҷуд меоранд ва аксарияти афрод нисбати волоияту дахлнопазирии онҳо тавофуқи назар доранд. Эҳтиром ва эътиқоди сартосарӣ ба ин арзишҳо нерӯи тавонмандест, ки низоми ҷомеа ва фазои андешаи мардумро ҳамчун меҳвар таҳти таъсири худ қарор медиҳад. Арзишҳои меҳварии миллат дар робита ба шароити мусоид ва номусоиди таърихӣ, таъсири тӯлонии фазои ақидативу динӣ ва фарҳангии бегона метавонанд тадриҷан тағйир ёбанд ва ҳатто куллан ҷойгоҳи худро аз даст диҳанд. Ҷомеаҳое, ки дар онҳо арзишҳои аслии миллӣ мавқеи меҳварии худро аз даст дода ба ҷои онҳо арзишҳои бегонагони қудратманд ҳамчун арзишҳои меҳварӣ эътироф шудаанд, ногузир раванди тадриҷии ҳазм ва маҳв шуданро дар коми абарқудратон аз сар хоҳанд гузаронд. Бояд иқрор шуд, ки имрӯз дар ҷомеаи мо яке аз асоситарин омилҳое, ки амну суботи сиёсиро осебпазир карда хавфи дахолати неруҳои манфиатҷӯро меафзояд, ин марбут ба тамоили мардум нисбат ба арзишҳои мухталиф ва дар робита ба он мавқеъҳои мухталифи сиёсиро интихоб кардани онҳо аст. Интихоби мавқеии сиёсии фард дар мавриде дуруст хоҳад буд, ки он бо манофеи умумимиллӣ мутобиқат кунад. Мусаллам аст, ки интихоби мавқеи сиёсӣ аз тарафи фард мустақиман ба тарзи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва эътиқоду аҳдофи ӯ марбут аст. Дар ҷомеаҳое, ки арзишҳои меҳварӣ ва умумимиллӣ ҳанӯз ташаккул наёфтаанд ва аҳли ҷомеа волоияту авлавияти ҳеҷ як арзишеро ҳамчун арзиши дахлнопазир эътироф накардааст, табиист, ки қишрҳои мавҷудаи ҷомеа ҳар яке аз рӯи ҳадафҳои худ арзишҳои мухталиферо ҳамчун арзишҳои асливу меҳварӣ ба тамоми ҷомеа таблиғ ва талқин мекунанд. Маълум аст, ки дар чунин ҷомеаҳо наметавонад фазои фикрӣ ва сиёсӣ бе кудурат ва бархурдҳо бошад. Арзишҳои меҳварӣ дар сатҳи ҷомеаи мо, афсӯс, ки ғолибан асолати воқеии миллӣ надоранд. Метавон қотеъона гуфт, ки парешонии миллат, аз даст рафтани давлатдориҳои миллӣ, адами талошҳои озодихоҳонаву ватанпарастона барои эҳёи давлатдории миллӣ, бегонапарастии мардум ва ҳатто зиёиёну мутафаккирони миллати мо тӯли ҳазор соли охир маҳз ба он марбут буд, ки арзишҳои меҳварии мардуми мо миллӣ набуданд. То мо ин меҳварро дигар накунем, гардиши равандҳои сиёсии дохилӣ барои бақои давлатдории мо созгор нахоҳад шуд. Ҷойгоҳи арзишҳои меҳварии миллии мардуми моро ишғол кардани арзишҳои мазҳабӣ дар асрҳои миёна навъе глобализатсияи замон буду ҳаст. Дар асрҳои миёна аз ҷониби маъруфтарин адибони классики мо, ки масъулияти иршоди маънавии ҷомеаро бар дӯш доштанд, ситоиш ва қаҳрамон тасвир кардани пешвоёни миллатҳои дигар аз қабили Искандару Темур ва амсоли инҳо, ки дар сарзамини аҷдодии мо ситамкориҳои ғайри қобили қабул ва таҳаммул кардаанд, воқеан ҳам кори шигифтовар ва таассуфангезест, ки бозгӯи беэътибории арзишҳои миллӣ ва ҷойгоҳи меҳварӣ надоштани онҳо дар фазои фикрии миллат аст. Аз ин буд, ки дар муҳлати мадиде ба дарозои ҳазор сол бо доштани ҷамъияте ба теъдоди миллионҳо нафар дар фарохнои ҷуғрофии тоҷикнишин, ки арсаи ҳазорҳо ҷангҳову набардҳои таърихӣ буд, бо вуҷуди таҳқиқи маъхазҳои таърихӣ, мутаассифона, ҳатто як саҳнаи набарди шарофатмандонаи ватанпарастонаро, ки барои эҳёи истиқлоли сиёсӣ ва давлатдории миллӣ аз ҷониби соҳибватанон сурат гирифта бошад, наметавон мушоҳида кард. Ин ишколи иҷтимоиву сиёсӣ бидуни шубҳа ба набудани ғояи миллӣ ва ҷойгоҳи меҳварӣ надоштани арзишҳои миллӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ шинохт ва пазируфтани арзишҳои миллӣ ба ҳайси арзишҳои меҳварӣ дар ҷомеаи мо аз муҳимтарин масъалаҳоест, ки бояд ба хотири таҳияи заминаи бақои давлатдории миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти сиёсии кишвар ба он эътибори махсус дода шавад. Боиси тассуф аст, ки аксарияти афроди ҷомеаи мо нисбати арзишҳои милливу давлатӣ муносибати бетафовутонаву бетарафона ва ҳатто манфӣ доранд. Аксари мардум ба бегонапарастӣ одат кардаанд ва нисбат ба арзишҳои ғайримиллӣ эътиқодманданд Аз ин аст, ки мафҳуми ватанпарастиву миллатдӯстӣ барои онҳо мисли як шиори хушки минбарӣ садо медиҳад ва дар умқи дилу ҷавҳари ҷони онҳо ҷойгузин нашудааст. Чунончи С.Ятимов фармудаанд: «Иқрор бояд гашт, ки хиёнат ба Ватан, муддатҳо зери асорат мондани миллат, аз даст рафтани бутунии каламрави кишвар, ба ҷангу хунрезӣ кашидани мардум, зери шубҳа гузоштани мавҷудияти давлати миллӣ, ташвиқу тарғиби ҳисси бегонапарастӣ ба рӯҳияи миллӣ ва характери миллӣ бетаъсир намемонад. Дар кишвари ҷангзадаи ҳамсоя онро бараъло мушоҳида кардан мумкин аст. Дар асоси ҳамин таҷрибаи таърихӣ, таҳлил ва арзёбии воқеият яке аз асосгузорони материализм барҳақ таъкид мекунад: «Аз оне, ки полякҳо аз худ камбудӣ ба намоиш мегузоранд, гуноҳи ғосибони сарзамини онон мебошад». Агар мо хоҳем, ки ваҳдати миллӣ, амну суботи сиёсӣ, истиқлолияти давлатӣ ва давлати миллии мо пойдевори устувори идеологӣ дошта бошад, пас бояд ногузир ҷиддан дар паи таблиғи арзишҳои милливу давлатӣ ба ҳайси арзишҳои меҳварӣ бошем ва аҳли ҷомеаро дар рӯҳияи эҳтиром ба ин арзишҳо тарбия кунем. Гуногунмеҳварии арзишҳои як ҷомеа олату абзори тафриқаангезии бозингарони сиёсии сатҳи байналмилалӣ аст. Ин гуна вазъи ақидатӣ ахиран боиси ба бунбасти низоъ ва ҷанги шаҳрвандӣ кашидани ҷомеаҳои парокандатаркиб хоҳад шуд. Коргардонҳои саҳнаи сиёсати байналхалқӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани лаҳзаҳои култиминатсионии ҷангҳои хунин қаблан ҷангҳои сардро тарҳрезӣ мекунанд, ки ин ҷангҳои сард маҳз аз тафриқаангезии ақидатии ҷомеаҳо шурӯъ мешавад. Гуногунмеҳвар кардани арзишҳои як ҷомеа метавонад дар шакли ихтилофҳои диниву мазҳабӣ, қавмиву маҳаллӣ ва амсоли инҳо роҳандозӣ шавад. Равандҳои сиёсии солҳои охир дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон бозгӯи он аст, ки ҳатто дар ҷомеаҳое, ки арзишҳои меҳварии устувор доранд, ин лоиҳаҳо ба осонӣ метавонанд татбиқ карда шаванд. Аз ин рӯ паёмадҳои махуфи мушкилоти мазкурро дар ҷомеаи мо, ки дар он ҳанӯз арзишҳои миллӣ, мутаассифона, ба арзишҳои меҳварӣ табдил наёфтааст, бояд ҷиддӣ ба эътибор гирифт. Ҳақ ба ҷониби С.Ятимов аст, ки мегӯяд: “Дар хотир бояд гирифт, ки омили психологияи ҷамъиятӣ тавъам бо шуури рӯзмарра – сатҳ, сифат, мундариҷа ва майлони он дар муносибат бо манфиатҳои миллӣ аз мавзуъҳое мебошанд, ки доимо дар мадди назари мухолифони давлатдории миллии мо ҳастанд. Кӯшишҳои сӯиистифода аз нуқтаҳои заъфи он тавассути душманони давлатдории миллӣ ба тарзи доимӣ мадди назар гирифта мешавад. Ин аксуламалро дар муқобили ҳар зуҳурот ва ташаббусе, ки метавонад ба рушди миллӣ, сулҳу субот дар ҷомеа созгор бошад, мушоҳида кардан мумкин аст. Фазо ва замон барои озмоиши ин фарзия ҳама вақт имкон медиҳад”. Арзишҳои меҳварии ҷомеаи мо бояд маҳз арзишҳои миллӣ бошанд, на арзишҳои мазҳабӣ. Шояд мушкилоти ҷиддӣ ва бунёдии ҷомеаи мо будани ин масъаларо баъзеҳо дар робита ба «далелҳо»-и зоҳирии худ аз таърихи дирӯзу имрӯзи миллатҳои ғайриараби мусулмоншуда, аз ҷумла туркҳо, ки пойдевори давлатдориҳои бузурги миллии худро дар такя ба арзишҳои исломӣ ба вуҷуд овардаанд, рад кардан хоҳанд. Дар ҳолати мавҷуд будани чунин иддао ва мавқеъгирии инкории эҳтимолӣ дархост дорем, ки ба таърихи ин миллатҳо на ба таври сатҳиву умумӣ, балки аз дидгоҳҳои сиёсиву ҷомеашиносӣ бо назардошти ҳолати равониву фазои фикрӣ ва ба вижа ҳадафҳои ниҳоии онҳо муҳаққиқона таваҷҷуҳ карда шавад. Дар он ҳолат ба суҳулат аён хоҳад шуд, ки чунин миллатҳо бо вуҷуди қабули ислом ҳамеша ғояи миллии худро доштанду доранд ва маҳз арзишҳои миллӣ арзишҳои меҳварии ҷомеаҳо ва давлатҳояшон буду ҳаст, на арзишҳои динӣ, аммо онҳо ҳушёрона ва ҳадафмандона тавонистаанд, ки аз арзишҳои исломӣ ба хотири ҳифзи манофеи миллии худ истифода ва ҳатто сӯиистифода кунанд. Ин шеваи сиёсӣ бо шаклҳои боз ҳам пардапӯшу мураккаб ҳанӯз ҳам хеле моҳирона мавриди корбурд қарор дорад. Ин гуна миллатҳо аз ислом ҳамчун як идеологияи муқтадир ва фарогир хеле ҳушёронаву моҳирона барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ истифода мебаранд. Арзишҳои меҳварии ин қабил миллатҳо ғояи миллӣ аст, ки тамоми арзишҳои боқимонда, аз ҷумла арзишҳои диниву мазҳабӣ дар атрофи он чарх мезананд. Яке аз масъалаҳои бунёдии амнияти миллӣ он аст, ки миллат воқеияти олами ҳастӣ, аз ҷумла воқеияти таърихӣ, манфиатҳои миллӣ, муҳимияти истиқлолияти сиёсӣ, омилҳои суду зарар ва амну хатари худро, ки боиси афзоиши қудрат ва ё иллати зиллати он мегардад, бояд дуруст дарк намояд. Дар ҳолати дуруст дарк накардани ин масъала ва ё ворунаву баръакс тасаввур кардани он амнияти миллӣ аз бунёд ба вартаи хатар меафтад. Ҳеҷ хатаре барои амнияти миллӣ ҷиддитар аз хатари дохилии бунёдӣ нест. Ҳаёти давлатҳову ҷомеаҳои инсонӣ ҳам мисли ҳаёти як инсон ва як фард аслан аз чигунагии пазириши воқеият ва вокуниш нисбат ба зуҳуроти воқеият вобастагӣ дорад. Барои беморе, ки ҳанӯз бемории худро ташхис накардааст ва суду зарари худро намешиносад ва махсусан агар судро зарар ва зарарро суд тасаввур менамояд, албатта, масъалаи шифо ёфтан мушкилот пайдо мекунад ва дар робита ба ин ҳифзи саломатии ӯ ҳамеша дар хатар хоҳад буд. Ҷомеа ҳам агар мушкилоти худро надонад ва манфиатҳои милливу давлатии худро нашиносад, табиист, ки амнияти худро низ наметавонад таъмин ва ҳифз кунад. Мушкилоти кунунии идеологӣ ва сиёсии ҷомеаи мо дар он аст, ки арзишҳои меҳварии омма аслан на миллӣ, балки диниву мазҳабианд ва мушкилоти аз ин ҳам бештар он аст, ки мо зарару хатари ин мушкилотро дарк намекунем. Муҳиммияти арзишҳои миллиро аксарият бидуни андеша ва таҳқиқ дар қиёс ба арзишҳои динӣ аз рӯи тақлиди омиёна инкор мекунанд. Омили асосии худбохтагӣ ва бегонапарастии беш аз ҳазорсолаи мо ҳам маҳз дар ҳамин аст, зеро бегонапарастӣ аз бегонаманишӣ сар мезанад. Ҳаргиз набояд гумон кард, ки ба ҳайси арзишҳои меҳварӣ таблиғ гардидани арзишҳои миллӣ маънии инкори арзишҳои диниро дошта бошад. Арзишҳои динӣ дар ҷомеаи мо ҷойгоҳи худро доранд. Муносибати давлат бо дин дар ҷомеаҳои мутамаддин вобаста ба моҳияти сиёсат сурат мегирад. Чун сиёсат василаи идора кардани ҷомеа ва миллионҳо нафар одамон аст ва дин низ идеология асту василаи таъсир бар зеҳну амалу андешаи мардум аст, яъне идора кардани онҳост, аз ин рӯ аз дин ҳамчун василаи муқтадир ва фарогири таъсир бар амалу ахлоқ ва андешаи мардум ба нафъи худшиносӣ ва рушди давлат бояд истифода шавад. Умуман, дар сиёсат бояд аз ҳамаи нерӯҳои мавҷудаи ҷомеа ҳаддалимкон ба навъи давлат истифода гардад. Барои он ки рӯҳониён нисбат ба давлати миллӣ он гуна муносибат надошта бошанд, ки бо давлати Сомониён дар мавриди ҳуҷуми аҷнабиён доштанд, зарур аст, ки барои табақаи рӯҳонии миллат низ мақоми арзишҳои миллӣ ҳамчун арзишҳои меҳварӣ муътабар бошад. Дар ҷомеае, ки фазои сиёсиву идеологии он беш аз ду қутб дорад, наметавонад ба таври муътамад ва воқеӣ ваҳдати иҷтимоӣ ба вуҷуд ояд. Давлати рушднокардаеро ба давлати мутараққӣ ва пешрафта табдил додан аслан кори як насл нест. Чанд насли миллат бояд ба тариқи муташаккилу барномавӣ заҳмат бикашад, то давлат муқтадир шавад. Бинобар ин мо бояд феълан дар баробари саргармӣ бо масоили рӯзи ҷомеаи хеш ҳамчунин дар фикри таҳияи таҳкурсии рушди чандин солҳо баъди миллат низ бошем. Аз ҷумла бояд мо аз имрӯз дар фикри тарбияи насле бошем, ки дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бошад. Ҷасоратманду шуҷоъ тарбия кардани онҳо аз масъалаҳои дигари муҳиммест, ки бояд дар самти пешбурди корҳои тарбиятӣ ба он эътибор дод. Ҷуръат василаест, ки андешаро ба амал мубаддал мекунад. Ҷисмҳоро таҳрик медиҳад, то ки тибқи ақидаи муайян дар талош бошанд. Он кимиёест, ки миси назарияро ба зари амалия табдил медиҳад. (мотиватсия…) Ташаккули тафаккури миллӣ корест, ки барои он ҳадди ақал ду-се даҳсола мебояд муташаккилона заҳмат кашид. Дар муддати ин ду-се даҳсола ҳадафи мо бояд ҷомеасозӣ ва тарбияи як насли нав бо афкори тозаи ватанпарастона бошад. Ин насл бояд тафаккури илмӣ дошта бошад ва дар рӯҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ ба воя расонида шавад. Ҳамзамон ин насл бояд ҳадафманд бошад, яъне ҳадафҳои барномавӣ дошта бошад. Барои анҷом додани ин кор қаблан бояд барномаҳои мушаххас таҳия карда шаванд. Парвариши ин насл бояд аз рӯи шиорҳое ба мазмуни: «Он гунае бош, ки Ватан мехоҳад!» ва амсоли инҳо сурат гирад. Дар низоми маориф бояд ба хотири ташаккули ҷаҳонбинии густурдаи насли наврас омӯзиши фанҳо бо назардошти робитаи мутақобилаи моҳиятии онҳо беҳтар аз пештар ба роҳ монда шавад. Таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву олии кишвар ва ҳатто омӯзгорони мо агарчи доир ба фанҳои мухталиф маълумоти муайян доранд, аммо ин маълумотро, мутаассифона, аксаран дар зеҳни худ дар шакли парокандаву бенизом ҳифз карда, онҳоро ба ҳам робитаи таҳлилӣ ва моҳиятӣ дода наметавонанд. Онҳо маълумоти зиёди илмӣ доранд, аммо дар амри ба ҳам рабт додани маълумот ва дарки илмии ягонагии ашё ва воқеаҳо мушкилӣ мекашанд. Аз ин аст, ки дар ҷомеаи мо ҷаҳонбинии дурусти фалсафӣ ва илмӣ ба қадри кофӣ ташаккул наёфтааст. Мо толибилмонро бо донишҳои фаннии мухталиф мусаллаҳ менамоем, аммо дар зеҳни онҳо ин донишҳоро ҳамчун як низоми тому мукаммал ба ҳам алоқаманд наменамоем. Илова ба ин интишори иттилоот ва маълумот ҳангоми таълим, мутаассифона, ҳадафмандона сурат намегирад. Аз ҷониби омӯзгорон ғолибан маълумот бидуни ҳадафи муайяни идеологиву сиёсӣ ба таври пароканда ба арзи муҳассилин расонида мешавад. Мо муҳассилинро ҳаддалимкон бо улуми муосир мусаллаҳ мекунем, аммо ҳадафро нишон намедиҳем. Мо онҳоро роҳ рафтан меомӯзем, аммо самти ҳаракатро наменамоем ва иршод намекунем. Аз ин аст, ки ғолибан он нерӯҳоро, ки мо омода кардаем, дигарон таҳрик медиҳанд ва ба нафъи худу ба зарари мо истифода мекунанд. Барои бартараф кардани ин мушкилот омӯзгорон ва алалхусус масъулини самти идеологӣ бояд дастурамали махсуси корӣ дошта бошанд. Ҳатто аксарияти омӯзгорони фанни таърих ва гузашта аз ин масъулини осорхонаҳову мамнуъгоҳҳои таърихӣ низ иттилооти таърихиро бидуни ҳадафҳои идеологӣ ва созгории он бо ғояҳои миллӣ мавриди корбурд қарор медиҳанд, ки ин аслан ба набудани дастурамали мушаххаси умумӣ дар самти пешбурди корҳои идеологӣ марбут аст. Ҳол он ки қишри мазкур аслан бояд идеологҳои давлат бошанд. Барои ҳар як миллат ғайр аз нишонаҳо ва василаҳои муттаҳидсозе чун забон, расму анъанаҳои умумӣ, фарҳанг ва амсоли инҳо инчунин доштани неруи ҳаракатдиҳанда аз муҳимтарин омилҳои рушд ва бақо маҳсуб меёбад, ки он рӯҳияи миллист. Дар ҳолати набудани ин неру бақои миллат ҳамчун низоми том (система) зери хавф мемонад. Миллат шавқи талошҳои ҳадафмандонаро аз даст медиҳад ва тавонмандии худмуҳофизативу муқовимати он ба таъсиргузориҳои дохиливу хориҷӣ мекоҳад. Мо бояд ба интишори ақидаҳое, ки ба таври ошкору пинҳон пантуркизму панисломизм ва панславянизму евросентризмро тарғиб мекунанд, роҳ надиҳем. Албатта мо бояд ҷавҳари илмии таҳрикдиҳандаи барномаҳои рушди давлатҳои мутараққии ҷаҳонро омӯзему қабул кунем, аммо ба ҳар ҳол на ҳадафҳои идеологӣ ва сиёсии онҳоро! Ҷавҳари идеология ва сиёсати мо бояд ҳатман миллӣ бошад. Ташаккули тафаккури миллӣ муҳимтарин кори имрӯзи мост. Дар шароити кунунӣ ба хотири ташаккул ва авлавият пайдо кардани ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи мо бояд ба ин масъала эътибори махсус зоҳир карда шавад. Кам таваҷҷӯҳ зоҳир кардан ба омӯзиши илм ва махсусан ба омӯзиши улуми дақиқу табиӣ омили хурофотпарастӣ дар ҷомеаи мост. Тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ доштани афроди ҷомеаи мо аз муҳимтарин ҳадафҳои сатҳи давлатии мо бояд бошад, зеро рушди Ватан, ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ бидуни пешрафти иқтисодиву саноатӣ ва технологӣ имкон надорад. Илм қудрат аст. Ҷомеае қудратманд аст, ки тафаккури афроди он илмӣ бошад. Барои рушди миллату пойдории давлат тарбияи насли созанда аз зумраи муҳимтарин омилҳост. Аммо насли созанда маҳз дар заминаи афкори созанда ба вуҷуд меояд. Пас муҳимтарин кори имрӯзи давлат ва ҷомеаи мо бояд иршоду тарбият ва таълими насли наврас тибқи меъёрҳо ва стандартҳои миллӣ бошад. Таъхиру беэътиборӣ ва ё камтаваҷҷуҳӣ ба ин масъала мушкилоти мавҷудаи ҷомеаи моро қадам ба қадам бештар мекунад ва ҳатто метавонад истиқлолияти сиёсии миллатро ба вартаи хатар андозад. Дар ин бора таъкиди зерини С. Ятимов бисёр бамаврид аст: «Дар кори созандагии рӯҳшиносӣ ва маънавиёти миллӣ, шароити мусоиди таърихӣ баъд аз ҳазор сол ҳамакнун фароҳам омадааст. Набояд онро аз даст дод». Назрӣ Асадзода – мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.