Маҳфили «Кадбону»27-02-2017, 11:24
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
Ба истиқболи Соли ҷавонон, Рӯзи Модар ва Иди Наврӯз маҳфили «Кадбону» дар ноҳияи Деваштич бо иштироки Ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Яхтан, Муҷун, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Росровут, Далёни Боло ва Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ бо ташаббуси бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шӯрои кор бо занони ҲХДТ баргузор гардид. Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ баҳри тарбияи ҷавондухтарон дар руҳияи расму оинҳои миллӣ, рафтору гуфтор ва одобу услуби оиладорӣ, эҳё ва намоиши ҳунару анъанаҳои миллӣ, бедор кардани завқи пухтапази таомҳои миллӣ, омодагии духтарон ба зиндагии мустақилона, ҳунармандӣ, зебопарастӣ ва ҳатто тарбияи хуби фарзандонро дар бар мегирад.
Гулдухтарону бонувон дар чорабинӣ бо дастранҷи худ аз ҷумла, таомҳои миллӣ, хуришҳо ва либоси миллии омодакарда иштирокдоронро ба ҳайрат гузоштанд. Муовини Раиси ноҳия Рафоат Каримова дар суханронии хеш қайд намуд, ки Шумо бонувону духтарон тарбиятгари насли оянда буда, баҳри посдории фарҳанг ва расму оинҳои миллӣ саҳми арзанда доред. Барои иштироки фаъолонаи бонувону духтарон Сипосномаи Раиси ноҳия супорида шуд. Баҳри болидахотирии ҳамагон бо иштироки сарояндагон барномаи фарҳангӣ низ баргузор гардид. Лоиқ Тӯйчиев |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.