
Дар доираи Соли ҷавонон дар муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Деваштич маҳфили «Кадбону» зери унвони «Ҷавонон-ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол» бо ташаббуси бахшҳои кор бо занон ва оила ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дар якҷоягӣ бо шӯъбаи маориф ва НТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид. Дар маҳфил муовини раиси ноҳия Рафоат Каримова иштирок намуда, доир ба таълиму тарбияи фарзанд, масъулияти падару модарон, мустаҳкамии оила, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, суханронӣ карданд.

Гуруҳи духтарон маҳорати кадбонугию рӯзғордории хешро намоиш доданд, ва аз ҷониби иштирокчиён баҳои баланд гирифтанд. Ҳамчунин бонувони собиқадор, муаллимаҳои таълимгоҳҳо, дар маҳфил иштирок намуда, қаноатмандии хешро аз ҳунаромӯзию рӯзгордории хонандагон изҳор намуданд. Зеро имрӯз дар таълимгоҳ маҳфилҳои дӯзандагию бофандагӣ, пазандагӣ, расмкашию дуредгарӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва хонандагон дар озмуну намоишҳои гуногун ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд.
Дар хотимаи маҳфил аз ҷониби ташаббускорон ба маъмурияти муассисаи таълимии №1-и ноҳия изҳори сипос намуданд.
Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси бахши абиғот- иттлооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич