Нақши Артиши миллӣ дар таҳкими истиқлолият24-02-2017, 10:53
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
Артиши мамлакати азизамон вазифаҳои худро дар таъмини тинҷию осоиштагӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқона иҷро менамояд. Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишваррро зери хатар мегузорад, омода мебошанд. Боиси сарфарозист, ки имрӯз дар фазои дӯстиву рафоқат ва субботу оромӣ ҳайт ба сар бурда, ҳар як пешрафту комёбӣ ва дастоварҳои арзандаи давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф бо ин санаҳои хотирмон ҷашн мегирем.
Ҳамин тавр, бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Нақши артиши миллӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» баргузор гардид.дар ҳамоиш кормандон ва муҳақиқони ниҳоди мазкур иштирок доштанд. Сухани ифтитоҳиро директории Пажӯҳишгоҳ номзади илмҳои педогогӣ, дотсент Шариф Комилзода оѓоз намуда, маърӯзаҳои ҷолибе дар атрофии мазӯи ҳамои ба монанди «Омилҳои таъсис ва марҳилаҳои ташаккули Артиши миллии Тоҷикистон» суханронии ходими пешбари илмии ПИТФИ, номзади илмҳои таърих Шӯҳрат Саъдиев, «Ҳомии марзубум ва кафили амнияти кишвар» суханронии ходими бешбари илмии ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ, Меҳроб Ҷумаев ва «Нақши ҷавонон дар ҳифзи якпорчагии Ватан» суханронии котиби илмии ПИТФИ Шамсуддин Абдуллоев пешкаши ҳозирин шуданд. Дар охир фикру андешаҳои гуногуне оиди мавзӯъ таҳлил ва баррасӣ гардида, маъсулин ҳамагонро бо фарорасии рӯзи таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун яке аз идҳои хеле муҳими кишвар табрик ва таҳният гуфта, дар ин рӯзи пурифтихор рӯзгори ободу сарбаландиҳо ва саодатмандию пирӯзиҳо таманно намуданд. Гуфта шуд, ки Артиши Миллӣ дар хар давру замон чун кафолати рӯзгори осоишта ва зиндагии пурфароғати ҳар шаҳрванд аст. Бигзор Артиши Милли мо низ ҳамеша чун рамзи саодатмандӣ ва қудратнокии мардуми шарифи Ватани азизамон боқӣ монад! Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.