
Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар самти қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат фаъолиятро вусъат бахшида, барои дар байни ҷавонон талқин намудани мафҳуми ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, дар риштаҳои адабиёт, таърих, фарҳанг ва журналистика Ҷоизаҳои худро эълон намуд. Ҷоизаҳо ба номи чор олими варзида Абдулманнони Насриддин (соҳаи адабиёт), Наимҷон Ҳакимов (соҳаи фарҳанг) ва Ҳасанбой Шарифов (соҳаи журналистика) ва Сайдулло Абдуллоев (соҳаи таърих) таъсис ёфтаандва дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ба ғолибон супорида шуданд. Ин чор олими намоён дар риштаҳои илми тоҷик саҳми арзишмандеро гузошта, барои пешрафти улуми адабиёт, фарҳанг ва таъриху ҷурналистика хизматҳои шоёнро ба ҷо овардаанд. Мақсади таъсиси Ҷоизаҳо ҳавасмандӣ ва дастгирии олимон, таваҷҷӯҳ ба аҳли илму адаб ва арҷгузорӣ ба хизматҳои ин шахсиятҳои баргузида мебошад.