Ҷоизаҳои КИ ҲХДТ соҳибони худро пайдо карданд7-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Нахустин Ҷоизаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд соҳибони худро пайдо карданд.
Дар маросими тантанавӣ, ки субҳи 4-уми июли соли ҷорӣ дар бинои Кумиҷроия баргузор гардид, панҷ нафар барандагони ҷоизаҳо муайян ва қадршиносӣ шуданд. Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо бо иштироки роҳбарони муассисаҳои олии маркази вилоят, устодону олимон ва кормандони дастгоҳи Кумиҷроияи вилоятӣ доир гашт. Бояд қайд кард, ки бори аввал КИВ ҲХДТ дар чаҳор риштаи илм: адабиёт – ба номи Абдулманнони Насриддин, таърих – ба номи Сайдулло Абдуллоев, фарҳанг – ба номи Наимҷон Ҳакимов ва журналистика ба номи Ҳасанбой Шарифов ҷоизаҳои худро таъсис дод. Ин ҷоизаҳо мукофоти Кумиҷроия ба аҳли илму адаб маҳсуб гашта, дар ду сол як маротиба супорида мешаванд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов дар баромадаш гуфт, ки ташаббуси таъсиси ҷоизаҳо дар идомаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст: «КИВ ҲХДТ барои таъмини пешрафти соҳаҳои илму маориф тадбирҳои зиёд меандешад. Ва дар барномаи ҳизбӣ ин масъала мавқеи ба худ хос дорад. Таъсиси ҷоизаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд низ дар доираи ҳамин ҳадафҳои созанда рӯи кор омадааст. Мақсади асосии таъсиси ин ҷоизаҳо арҷгузорӣ ба шахсиятҳои баргузидаи илму фарҳанг ва ба ин васила қадршиносии аҳли илму адаб ба ҳисоб меравад». Ба гуфтаи Сарфароз Юнусов устоди равоншод, адабиётшиноси маъруф Абдулманнони Насриддин, муаррихи варзида, шодравон Сайдулло Абдуллоев, олим ва санъатшиноси нотакрор Наимҷон Ҳакимов, рӯзноманигор ва таърихшиноси беҳамто Ҳасанбой Шарифов дар илми тоҷик хидматҳои шоистаро ба ҷо овардаанд. Фаъолияти илмии ин чаҳор шахсият, ки ба як давра рост меояд, самараи пурбор ба бор оварда, боиси арҷгузорист». Барои дарёфти ҷоизаҳо қаблан озмун эълон гардида буд. Натиҷаи онро ҳайати комиссия, иборат аз панҷ нафар олимону мутахассисони варзидаи соҳаҳои адабиёт, фарҳанг, таърих ва рӯзноманигорӣ муайян карданд. Аз ҷумла, аъзои комиссия дар риштаи адабиёт – Тоҷибой Султонӣ, таърих – Ваҳҳоб Набиев, фарҳанг – Абдуҷамил Раҳимов, журналистика – Абдулмаҷиди Бобоҷониён буданд. Тавре раиси комиссияи озмун Анвар Ҷалилов қайд кард, комиссия ба таври шаффоф ва холисона маводи пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор дод ва оид ба хулосаҳои кори он қарорҳои дахлдор низ қабул гардидаанд. Барои дарёфти ҷоизаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд наздики 30 нафар довталаб маводи худро пешниҳод карданд. Натиҷагирии маводи довталабон дар ду марҳила сурат гирифт ва 9 нафар довталаб ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Ба иттилои аъзои комиссия ҳангоми баҳогузорӣ моҳият, арзиш ва аҳамияти маводи довталабон ба инобат гирифта шудааст. Дар фазои тантанавӣ барандагони ҷоизаҳо эълон карда шуданд. Аз ҷумла, Ҷоиза дар соҳаи адабиёт ба номи Абдулманнони Насриддин лоиқи номзади илмҳои филологӣ, профессор Неъматҷон Файзуллоев дониста шуд. Ҷоиза дар соҳаи таърих ба номи Сайдулло Абдуллоевро таърихшинос Аюбҷон Усмонов соҳиб гардид. Ҷоиза дар соҳаи фарҳанг ба номи Наимҷон Ҳакимов насиби санъатшинос Дадоҷон Рустамов гашт. Дар риштаи рӯзноманигорӣ, ки ҷоиза номи Ҳасанбой Шарифовро дорад, ду нафар ғолиб дониста шуданд. Мувофиқи низомномаи озмун мукофоти пулии он ба ин ду нафар дода шуд. Барандагони ин ҷоиза муҳаррири ШТР «Азия» Афзал Босолиев ва рӯзноманигори мустақил Муҳаммадназир Аҳмадов эътироф гаштанд. Ҷоизаҳоро пайвандони устодони равоншод, ки ҷоизаҳо номи онҳоро дорад, ба соҳибонаш супориданд. Бояд гуфт, ки ба ҷоизадорон аз тарафи КИВ ҲХДТ нишон ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ тақдим гардид. Аз ҷониби Кумиҷроия ба ҳамаи иштирокчиёни озмун барои дарёфти Ҷоизаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҷоизадори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, олим Неъматҷон Файзуллоев ташаббуси таъсиси ҷоизаҳоро барои поси хотири устодони накӯном иқдоми наҷиб ҳисобид. Мавсуф ба роҳбарияти КИВ ҲХДТ барои пеш гирифтани чунин иқдоми накӯ изҳори сипос кард. Абдулло Шарифов – фарзанди Ҳасанбой Шарифов низ аз номи хонаводаи ин таърихшинос ва рӯзноманигори маъруф арзи сипосу миннатдорӣ намуд. Нахустин озмун барои дарёфти ҷоизаҳо фаъолии довталабонро дар ҳамаи бахшҳо нишон дод. Изҳори умед карда шуд, ки солҳои минбаъда сафи номзадҳо барои гирифтани ҷоизаҳои мазкур боз ҳам бештар хоҳад шуд. Иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ таъсис ва супоридани ҷоизаҳои КИВ ҲХДТ-ро дар остонаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ фоли нек шумориданд. Дар анҷоми маросими тантанавӣ қайд шуд, ки аҳли илму адаб дастгиру пуштибони ғояҳои ҳизб ҳастанд ва барои боз ҳам созандаву ҳадафрас гардидани нақшаву барномаҳои ҳизбӣ саҳми беназири худро мегузоранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.