Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАМКОРӢ ГАРАВИ ПЕШРАВӢ

ҲАМКОРӢ ГАРАВИ ПЕШРАВӢ

10-02-2017, 09:38
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
ҲАМКОРӢ ГАРАВИ ПЕШРАВӢ
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Музаффар Ҳотамӣ, сардори шӯъбаи ҷинояту ҷиноятсодиркунии Раёсати мазкур Абдуллозода Шӯҳрат ва корманди ин ниҳод Фарҳодзода Шамшодҷон бо донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Фаррух Аминов, муовини директор оид ба тарбия чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, афзуд, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои зиёде аз қабили терроризму ифротгароӣ фаро гирифта, дар асри 21 боз як падидаи номатлуб даст ба нашъамандӣ задании ҷавонон ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд, ҳамасола даҳҳо нафар шаҳрвандони мо гирифтори ин бемории вабои аср мегарданд.
Дар суханронии Музаффар Ҳотамӣ қайд шуд, ки Тоҷикистон бо давлати ҳамсояи Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дошта, аз 34 вилоятҳои давлати Афғонистон дар 21 вилоят кишти маводи мухаддир ба роҳ монда шудааст.Ҳамасола дар ин кишвар беш аз 4 ҳазор тонна маводи мухаддир истеҳсол карда мешавад ва мусаллам аст, ки қисме аз ин маводи мухаддир тавассути қочоқ ба Тоҷикистон ва аз ҳудуди Тоҷикистон ба давлатҳои дигар интиқол дода мешавад. Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар мубориза бо гардиши маводи мухаддир фаъол бошанд, аз оқибатҳои нангини ин амал ҷомеаро ҳушдор диҳанд ва бо Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамкорӣ намоянд.
Дар суханронии Абдуллозода Шӯҳратҷон қайд шуд, ки теъдоди нашъмандон дар вилояти Суғд ба 1141 нафар расида, аз ин шумор 41 нафарро занон ташкил медиханд. Мутаассифона, дар баробари нашъманд будан қисме аз онҳо ба бемори ВИЧ СПИД низ гирифторанд ва ин вирусро тавассути сӯзандору гирифтаанд. Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ 5 донишҷӯ бо ҷурми истеъмоли маводи нашъаовар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Абдусабур Абдуваҳҳобов, сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш» низ дар суханронии хеш аз оқибатҳои ҳалокатовари маводи нашъмандӣ сухан ронда, таъкид дошт, ки яке аз сабабҳои асосии дар майдони ҷанги Сурияву Ироқ ба қавле «далерона» набард намудани ҷавонписарон маҳз истеъмоли маводи мухаддир аст. Бадбахтона, шумораи нашъмандон дар кишвар меафзояд ва ин раванд бештар ба ҷавонони шаҳрнишин хос аст. Онҳо ба дигар ҳамсафони худ таассуб намуда бар иллати бекорӣ даст ба нашъмандӣ мезананд. Ва тақдири худро бо дасти худ ба коми марг месупоранд.
Дар фарҷом миёни донишҷӯён ва кормандони Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд саволу ҷавоб доир ба мавзӯъ сурат гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: