Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ноҳияи Ќубодиён Бахшида ба Соли ҷавонон Иқдомҳои неку хайрхоҳона дар қисми низомӣ

Ноҳияи Ќубодиён Бахшида ба Соли ҷавонон Иқдомҳои неку хайрхоҳона дар қисми низомӣ

3-02-2017, 16:57
Хабарро хонданд: 132 нафар
Назарҳо: 0
Ноҳияи Ќубодиён  Бахшида ба Соли ҷавонон  Иқдомҳои неку хайрхоҳона дар қисми низомӣБо пуштибонӣ аз сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси маззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббус ва дастгирии бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба рӯзи “Сарҳадбонон” дар таърихи 27 январи соли 2017 вохӯрии як гурӯҳ ҷавонон, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо афсарону аскарони дидбонгоҳи “Хошма”-и қисми низомии №0305-и сарҳадии дар қаламрави ноҳияи Қубодиён ҷойгирбуда баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб Шарипов дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, аз ҳадафу вазифаҳои ҲХДТ, нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028”, “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017 ва сиёсати хориҷиву дохилии кишвар ибрози ақида намуд. Инчунин дар рафти суханрониҳо М. Шарипов аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ ёдовар гардида, афзуд, ки Ватани азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гашта истодааст, мардуми сарбаланду шарафманди он, аз ҷумла меҳнаткашони ноҳияи Қубодиёни бостонӣ бо дили гарму нияти нек, боварӣ ба ояндаи ободу дурахшон фидокорона дар ҳама самтҳо, соҳаҳои мухталифи ҷомеа меҳнат намуда истодаанд. Махсусан “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017 ҷавонони ноҳияро руҳбаланд карда, масъулияти онҳоро дучанд намуд.
Вохӯрӣ дар руҳияи баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардида, дер боз дар хотири иштирокчиёни он нақш хоҳад гузошт. Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба қисми низомии болозикр ба маблағи 2000 сомонӣ маводи ғизоӣ кӯмак расонида шуда, чунин иқдомҳои наҷибу хайрхоҳона идома доранд.
Зебо БОЗОРОВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: