Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷавонон- қувваи пешбарандаи ҷомеа

Ҷавонон- қувваи пешбарандаи ҷомеа

20-01-2017, 11:23
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонон- қувваи пешбарандаи ҷомеа
Гурӯҳи кории таблиғотӣ бо сокинон, уз ҷумла ҷавонони ҷамоати деҳоти Носири Хусрав ва ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади номбурда Назрулло Сангинов сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боймурод Шарипов декани факултаи филалогияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, номзади илмҳои филологӣ, С. Шомалангов раиси Шӯрои куҳансолони вилояти Хатлон, С. Шарифзода мудири шуъба оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадаюб Шарипов, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” З. Ҳақназарова, Давлатзода Шавкат сардори ШВКД-и ноҳияи Қубодиён ва Шоир Юсупов сардори шуъбаи КДАМ-и ноҳия иштирок доштанд.
Дар вохӯрии мазкур нахуст Назрулло Сангинов сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию эктремистидошта ва самтҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин баромад карда, қайд намуд, ки ҷавонон бояд бо неруи пешбар, кору фаъолияти неки худро баҳри пойдории сулҳу суботи кишвар, якдигарфаҳмию ваҳдат ва ободу сарсабз намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд ва ба эътимоду боварии Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавононро қувваи азими пешбарандаи ҷамъият пиндоштаанд, сазовор гардида, баҳри соҳибхираду соҳибкасб гардиданашон пайваста сайъу талош варзидаву барои пешравии Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон кӯшиш намоянд.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадаюб Шарипов ба сухан баромада, дар рафти суханронӣ зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавонон қайд намуда буданд: “Истиқлолу озодӣ ба Шумо ҷавонон бояд болу пар бахшида, минбаъд ҷавонони тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриамон бояд аз як гиребон сар бароварда, даст ба дасти ҳам дода, меҳнати ҳалол кунанд, дониш омӯзанд ва бинои ояндаи дурахшонро бунёд созанд, зеро, ки оянда аз Шумо ҷавонон мебошад”.
М. Шарипов аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ватанпарвари ҳақиқӣ бошанд, чун падару бобоёни худ дар роҳи ободии ин сарзамини аҷдодӣ бо таҷриба ва кору пайкори худ дар таҳкими сулҳу осоиш ва амнияти Ватан ҳиссагузор бошанд. Дар охир масъулин ҷамъомадагони вохӯриро таъкид намуданд, ки аз Ватани аҷдодӣ шукрона намоянд, зеро ватандорӣ аз гӯшаи имондорӣ буда, бояд ба қадри ин Ватану ин сарзамини зархезу биҳиштосо бирасем ва баҳри ободиву сарсабзии Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: