Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷавонон пешбарандаи миллат

Ҷавонон пешбарандаи миллат

31-01-2017, 10:48
Хабарро хонданд: 295 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонон пешбарандаи миллат
Ниёгони мо аз азал тараннумгари ахлоқи накӯ буданд. Асарҳои бисёр ибратбахши худро ба мо ёдгор мондаанд. Аз он ҷумла «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдӣ «Кобуснома»-и Кайковус ва даҳҳо шоҳкориҳои ахлоқӣ дастури ибратбахше ҳастанд, ки ба аҳли башар оид ба хислатҳои ҳамидаи инсонӣ оварда шудааст.
Яке аз вазифаҳои асосии давраи наврасӣ ва овони ҷавонӣ аз ташаккулёбии муоширати байниҳамии ҷавонону волидайн, муаллимон ва бо ҳамсолон иборат аст. Дар рафти муносибат намудан алоқаҳои эмотсионалӣ барқарор мешаванд. Бо тағир ёфтани синну сол дар наврасон ва ҷавонон хоҳиши беҳтар бо ҳамсолон муносибат кардан ба вуҷуд меояд.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи синии ҷавонӣ ба нақша гирифтани ҳаёти минбаъда ва интихоби касб мебошад. Дар боби 4-уми Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ҷавонписарон ва ҷавондухтарон натанҳо ба меҳнат, инчунин ба интихоби касб машғулияти дилхоҳ корҳое, ки қобилияти тайёрии касбӣ, маълумот ва ба ҳисобгарии талаботи ҷамъиятӣ дошта, ҳуқуқ доранд. Барои дуруст интихоб намудани касб, ки он ба шавқу ҳавас вобаста аст, ҷиҳатҳои иқтисодии оила, дараҷаи тайёрии таълимӣ ва ҳолати саломатӣ ва ғайраҳо саҳми муҳим мебозад. Зиёда аз 80%-и ҷавонон хатмкунандагони мактабҳои умумӣ хоҳиши дар донишкадаҳои олӣ, ё мактабҳои махсуси касбӣ давом додани таҳсилро доранд.
Ҳоло дар ҷумҳури талабот ба кадрҳои коргарӣ хеле афзуда истодааст. Барои он ки Тоҷикистон ҷумҳурии аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват табдил ёбад, лозим аст, вобаста ба талаботи хоҷагии халқ нигоҳ карда, кадрҳои коргар тайёр карда шавад; Тайёр кардани муҳандисон ва коргарон дар соҳаи саноати сабук ва вазнин.
Инчунин барои ҳаматарафа ба ҳаёт, зиндагии оилавӣ тайёр шудани ҷавонон дар мактабҳои маълумоти умумӣ, омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳои омӯзгорию тиббӣ фаннӣ «Одоби оиладорӣ» ҷорӣ карда шудааст, ки мақсади таълими ин фан имконият медиҳад, ки ҷавонон ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ, ба вазифаи заношӯй, падарию модари тайёр шуда, дар бораи оила ва масъалаҳои имрӯзии он шинос мешаванд.
Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушти ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шавад. Президенти мамлакат дар ҷараёни Паём таъкид намуданд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгири намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Тоҳирова Ш.С.
Омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳокӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: