Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Касбро бошуурона ва дуруст бояд интихоб кард

Касбро бошуурона ва дуруст бояд интихоб кард

18-03-2016, 16:27
Хабарро хонданд: 1224 нафар
Назарҳо: 0
Касбро бошуурона ва дуруст бояд интихоб кард
Низому раванди интихоби касб, барои иҷрои вазифаҳои муҳимтарини ҳаёти имрӯза ва ояндаи ҷомеа, яъне тайёр кардани кормандони соҳибкасбу лаёқатманд, расонидани кӯмаки амалӣ ба ҷавонон ва шахсони бекор аҳмияти калон дорад. Зеро интихоби бошуурона ва дурусти касб, барои ҷавонон имкон медиҳад, ки дар зиндагонӣ мавқеи устувору арзандаи худро ишғол кунанд, ба нафъи халқу кишвари худ бо майлу рағбати том ва босамар хизмат намоянд.

Чи тавре ки таҷрибаи бойи ҳаётӣ исбот кардааст, интихоби мустақилона ва озодонаи касб шахсро ба қуллаҳои баланд мерасонаду бемаъсулиятона ва нодуруст интихоб кардани он боиси дилмондагию пушаймониҳо мегардад.

Ҳамин тариқ, интихоби бошууронаи касб низоми илман асоснок, озоду мустақилонаи дилхоҳ буда, дар омодасозии ҷавонон ба ояндаи шукуфону дурахшон ҳидоят мекунад. Аз ин лиҳоз, низому раванди интихоби касб дар марҳилаи имрӯза ва ояндаи тараққиёташ муваззаф аст, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ, мактаб, оила, муассисаҳои иҷтимоиро, ки дар татбиқи он ширкат меварзанд, мутобиқ гардонад.

Ҳамчунин ба мунтазам ва сари вақт ҳал намудани масъалаҳои илмӣ ва ташкилии бо интихоби касб алоқаманд, банақшагирии ҳамаҷонибаи таъсири интихоби касб ба шахсият бо дарназардошти пешбинии иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Бинобар ин, раванди интихоби касби шахсиятро аз як тараф ҳамчун қисми таркибии пешбинии иҷтимоӣ, аз ҷиҳати дигар чун натиҷаи ниҳоии он маънидод бояд кард. Зеро пешбинии иҷтимоӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, ки ихтисосро бошуурона, бо эҳсоси вазифаи шаҳрвандии худ ва масъулиятшиносӣ интихоб намоянд.

Бо ибораи дигар, тайёрӣ ба интихоби касб қисми таркибии рушду камолоти ҳамаҷониба ва тадриҷии ашхос буда, онро дар якҷоягӣ ва алоқамандӣ бо такомули ахлоқию маънавӣ, меҳнатӣ, фарҳангӣ ва ҷисмонии шахсият баррасӣ бояд кард. Метавон бори дигар такрор кард, ки интихоби касбро ҳамчун раванди бардавом, то ба андозае раванди бебозгашти иҷтимоии ин ё он касбро пеша кардани шахсият маънидод кард.

Тавре ба ҳар яки мо маълум аст, аҳамияти иҷтимоию иқтисодии касбинтихобкунии ҷавонон дар шароити бозори озод дар алоқамандӣ бо сабабҳо ва омилҳои зерин меафзояд:

- талаботи ҷомеаи имрӯза бо кормандони соҳибҳунар зиёд мегардад;

- эҳтиёҷоти маънавӣ ва шавқу рағбати шахсе, ки роҳи касби худро интихоб менамояд, меафзояд;
- ҷавононе, ки ба «синни меҳнатӣ» қадам мегузоранд, манбаи асосии ба қувваи корӣ таъмин кардани бозори меҳнат мегарданд;

- шиддати таносубияти захираҳои меҳнатӣ зиёд мегардад;

- ҷойивазкунии кормандон дар соҳаҳои гуногуни бозори меҳнат меафзояд;

- дар натиҷаи вусъати босуръати пешрафти илму техника меҳнат мураккабтар мешавад, ҳунарҳои нави баландихтисос ба вуҷуд меоянд, ки нафақат тайёрию донишу малакаи умумии мукаммал ба ин касбҳо ҷавобгӯй, балки сифатҳои махсуси рӯҳию ҷисмонии кормандонро тақозо менамояд;

- зарурати тақсимоти муфидтари байникасбӣ, байнисоҳавӣ, байниминтақавии захираҳои меҳнатиро талаб мекунанд.

- фарқияти байни корҳои ҷисмонӣ ва фикрӣ торафт камтар мешавад ва кори ҷисмонии одӣ, масалан идоракунии дастгоҳу таҷҳизот донишу малакаи заруриро талаб мекунад, ки ин донишҳои аввалинро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, литсею коллеҷҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд.

Бояд гуфт, ки дар соли 2015 аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17297 нафар ҷавонони аз 15 то 29- сола ба ҷойи кор таъмин гардида, дар муассисаҳои таълимии мақомоти шуғли аҳолӣ бошад, 12130 нафар ҷавонон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд.

Барои интихоби касб имрӯз бисёр ҷавонон ба куҷо муроҷиат карданро намедонанд. Бояд тазаккур дод, ки дар сохторҳои тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» фаъолият мекунад, ки ин барои дуруст интихоб кардани касб ба ҷавонон мусоидат мекунад. Дар соли 2015 аз ҷониби муассисаи мазкур ба 3661 нафар ҷавонон хизмати касбӣ расонда шуд.

Инчунин қобили қайд аст, ки Маркази мазкур барои раҳнамоӣ намудан ба ҷавонон дар интихоби касб нуқтаҳои машварати касбиро зиёд намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти шуғли аҳолӣ, муассисаҳои ибтидоии касбӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейю коллеҷҳо ва дигар корхонаҳо дар арсаи иҷрои вазифаҳои худ корҳои назаррасро дар миқёси ҷумҳурӣ бояд анҷом диҳад.

Маркази роҳнамоии касбӣ бояд, бо ташкилоту идораҳо ва корхонаҳо робитаҳои зичи ҳамкорӣ дошта, дар мавзӯъҳои «Дарёфт намудани ҷойи кор», «Омилҳои асосии болоравии истеҳсолот» тадқиқоти сотсиологӣ ва дигар чорабиниҳоро барои ба даст овардани маълумот гузаронад, ки ин зарур ва муфид мебошад. Илова бар ин, аз ҷониби Марказ доир намудани машваратҳои методӣ, маслиҳату машваратҳои гурӯҳӣ ва фардӣ бо ҷавонону бекорон натиҷаҳои хуб ва дилхоҳ хоҳанд дод.
Раҳматулло Файзода, корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: