Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » 7 нафар сардорони ситодҳои минтақавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз вазифа барканор шуданд

7 нафар сардорони ситодҳои минтақавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз вазифа барканор шуданд

18-10-2016, 08:58
Хабарро хонданд: 370 нафар
Назарҳо: 0
7 нафар сардорони ситодҳои минтақавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз вазифа барканор шуданд


Душанбе, 17.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли равон 7 нафар аз сардорони ситодҳои минтақавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои камбудиҳо дар кор аз вазифа барканор шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷаласа ду масъала- натиҷаи тафтиши фаъолияти ситодҳои КҲФ дар давраи ҳисоботӣ ва омодагии воҳидҳо ва қисмҳои ҳарбии Кумита дар давраи зимистон баррасӣ шуданд.
Муовини раиси Кумита, полквник М.Салимзода зикр намуд, ки гурӯҳи корӣ аз 15-уми сентябр то 5-уми окттябр фаъолияти ҳамаи ситодҳоро омӯхта, як қатор камбудиҳоро дар фаъолияти ситодҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии КҲФ ошкор намуд.
Аз рӯйи натиҷаи тафтиш ва қарори коллегия барои камбудиҳо дар кор сардорони ситодҳои ноҳияи Шуғнони ВМКБ, Дӯстӣ, Шӯрообод, Темурмалик, Балҷувони вилояти Хатлон, Сангвор ва Фирдавсӣ аз кор барканор карда шуданд.
Як гурӯх кормандони масъул барои камбудиҳо дар фаъолияти фаврӣ-хидматӣ ва нишондодҳои пасти фаъолияти хидматӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Дар мавриди омодагӣ ба зимистон зикр гардид, ки дар маҷмӯъ, ҳамаи воҳидҳои сохтории КҲФ ба давраи тирамоҳ ва зимистон омодаанд. Бо ин мақсад барои мошинҳо маводи сӯхт харидорӣ шуда, ба миқдори зарурӣ ангишт ва ҳезум барои қисмҳои ҳарбӣ захира ва сарбозону афсарон бо либоси зимистона ва ғизо таъмин карда шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: