Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷашни ниёгон дар Деваштич

Ҷашни ниёгон дар Деваштич

30-01-2017, 13:18
Хабарро хонданд: 187 нафар
Назарҳо: 0
Ҷашни ниёгон дар Деваштич


Дар ноҳияи Деваштич мардуми меҳнатқарин дар асоси дастуру нишондодҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободониву бунёдкорӣ талош варзида, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ аҳлона меҳнат карда истодаанд.
Кишвари сарсабзу соҳибтамаддуни тоҷик, ки таърихи куҳан дорад, дар баргузории расму оинҳо, суннатҳову маросимҳо ва анъанаҳои мардумӣ аз қабили ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон мавқеи асосиро ишғол менамояд.

Ҷашни ниёгон дар Деваштич

Аз ин ҷост, ки сокинони бофарҳанги ноҳия таҳти ғамхориҳои Сарвари давлат, расму оинҳои миллии аҷдодии худро, ки моҳияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва этнографӣ доранд, ба таври ҳамешагӣ таоғибу ташвиқ намуда,пос медоранд.
Иди Сада яке аз ҷашнҳои ориёи қадим маҳсуб ёфта, рамзи бедоршавии табиат, оғози кишту кор ва мафҳуми аз сардӣ ба гармӣ расиданро дорост.
Ҷашни ниёгон дар Деваштич
Бахшида ба ин ҷашни таърихии ниёгон дар маркази ноҳия чорабинии фарҳангӣ бо сурудани савту садоҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти адрасу атлас ва либосҳои миллии анъанавӣ, машқҳои варзишии халқӣ, намоиши гулу ниҳолҳо ва ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо иштирок ва суханронии бевоситаи оаиси ноҳия Рустам Ҷӯразода баргузор гардид. Собиқадорони меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолону сокинони ноҳия ва кулли ширкаткунандагон аз баргузории чунин чорабинӣ изҳорӣ хурсандӣ намуданд.
Сарвар Саидов
роҳбари НТҶҶ «Сзандагони Ватан
дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: