Шикасти чемпиони Африка дар бозиҳои ниҳоии гурӯҳии ин қитъа26-01-2017, 08:44
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
2017/АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Африка –дастаи мунтахаби Кот-д‘Ивуар (Соҳили Оҷ) дар ҷамъбасти бозиҳои ниҳоии гурӯҳии Чемпионати навбатии Африка оид ба футбол дар гурӯҳи «С» ба бозиҳои минбаъда роҳхат гирифта натавонист ва шоми дирӯз макони баргузории бозиҳо – Габонро тарк кард. Ин дар ҳолест, ки чемпионҳо дар бозии охирини гурӯҳ аз дастаи мунтахаби Марокаш бо натиҷаи 1:0 шикаст хӯрданд. Бозиҳои ниҳоии Ҷоми миллатҳои Африқо имсол бо нишондиҳандаҳои ғайричашмдошташ дар хотирҳо нақш хоҳад баст. Мизбони мусобиқа-дастаи мунтахаби Габон ва Алҷазоир ва ҳамакнун Кот-д‘Ивуар аз мусобиқа сарозер шуданд ва натиҷаи бозиҳои ояндаро пешгӯӣ кардан нашояд. Аз ҳама ачиб он аст, ки мураббии собиқи дастаи мунтахаби Кот-д‘Ивуар Эрве Ренер, ки ин дастаро ду сол қабл чемпион карда буд ва ҳоло сармураббии дастаи мунтахаби Марокаш мебошад, пеши роҳашро боздошт. Ба ҳамин тартиб бозиҳои гурӯҳии Чемпионати Африка оид ба футбол дар се гурӯҳ ба анҷом расиданд. Тартиби ҷадвал дар гурӯҳҳо чунин аст : Гурӯҳи A. N Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И 1 БУРКИНА-ФАСО 3 1 2 0 4-2 5 2 КАМЕРУН 3 1 2 0 3-2 5 3 ГАБОН 3 0 3 0 2-2 3 4 ГВИНЕЯ-БИСАУ 3 0 1 2 2-5 1 Гурӯҳи В. N Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И 1 СЕНЕГАЛ 3 2 1 0 6-2 7 2 ТУНИС 3 2 0 1 6-5 6 3 АЛҶАЗОИР 3 0 2 1 5-6 2 4 ЗИМБАБВЕ 3 0 1 2 4-8 1 Гурӯҳи С. N Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И 1 КОНГОИ ДЕМ. 3 2 1 0 6-3 7 2 МАРОКАШ 3 2 0 1 4-2 6 3 КОТ-Д’ИВУАР 3 0 2 1 2-3 2 4 ТОГО 3 0 1 2 2-6 1 Гурӯҳи D*. N Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И 1 ГАНА 2 2 0 0 2-0 6 2 МИСР 2 1 1 0 1-0 4 3 МАЛИ 2 0 1 1 0-1 1 4 УГАНДА 2 0 0 2 0-2 0 *-бозиҳои даври сеюм имрӯз барпо мегарданд. 25 январ 22:00 Миср — Гана Порт-Жантил 25 январ 22:00 Уганда — Мали Оем |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.