Бозӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон 20 январ барпо мегардад18-01-2017, 10:19
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 18.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори дигар дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин аз силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ аз дастаи мунтахаби Литва бо натиҷаи 4:5 мағлуб шуд. Ин бозиҳо барои ба даст овардани мақоми аз 13 то 16 ба ҳисоб мерафтанд. Дар бозии гузашта низ футболбозони мо бо ҳамин услуб аз дастаи мунтахаби Беларус бо ҳисоби 7:6 дучори мағлубият шуда буданд. Акнун футболбозони тоҷик дар рақобат бо дастаи мунтахаби Ҳиндустон барои ҷойҳои охир-15-ум ва 16-ум вориди майдон мешаванд. Дар бозии гузашта ҳиндуҳо аз дастаи мунтахаби Эрон бо нишондоди 1:0 мағлуб шуданд. Ёдрас мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар гурӯҳҳои худ соҳиби ҷои сеюм буданд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 21 январ барпо мегардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.