Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тағйироти кадрии ҷиддӣ дар ҳукумати Ӯзбекистон

Тағйироти кадрии ҷиддӣ дар ҳукумати Ӯзбекистон

19-12-2016, 08:30
Хабарро хонданд: 151 нафар
Назарҳо: 0
Тағйироти кадрии ҷиддӣ дар ҳукумати Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон баъди тасдиқи номзадии Абдулло Орипоф ба мақоми сарвазириии ин кишвар тағйироти кадрии ҷиддӣ оғоз шудааст.
Сомонаи расмии ҳукумати Ӯзбекистон 15 декабр ҳайати нави Девони вазирони кишварашро нашр кардааст. Бар пояи иттилои манбаъ, Ачилбой Раматов муовини аввали сарвазир, мудири Ҷамъияти саҳҳомии "Ӯзбекистон темир йӯлларӣ" ва раҳбари Маҷмаа оид ба масъалаҳои рушди маҷмӯии ҳудудҳо, соҳаи коммуналӣ, нақлиёт ва саноати сохтмон таъйин шудааст.

Манбаъ гуфтааст, ки маълумоти ҳайати шахсии Девони вазирон дар ҳоли таҷдид аст. Ботир Хоҷаев, ки то ин дам ба ҳайси муовини вазири иқтисод кор мекард, вазири нави молияи Ӯзбекистон интихоб гардидааст. Ӯ дар ин мақом Рустам Азимовро иваз кард, ки аз соли 2005 ба ин тараф вазири молияи Ӯзбекистон буд.

Баъди марги Ислом Каримов, президенти нахустин Ӯзбекистон аз Азимов ҳамчун меросбари асосии ӯ ном гирифта мешуд. Ба кадом мансаб таъйин шудани вазири пешини молияи Ӯзбекистон ҳанӯз маълум нест.

Рустам Азимов феълан курсии муовинии сарвазирияшро ҳифз карда, ба зиммаи ӯ раҳбарии Маҷмаа оид ба рушди макроиқтисодӣ, ислоҳоти сохторӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ вогузор аст. Муовини пешини сарвазир Адҳам Икромов вазири тандурустӣ ва раиси Кумитаи бонувон Танзила Норбоева муовини сарвазир таъйин шудаанд.

Саидраҳмон Каримӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: