Рӯзноманигорони телевизиони Euronews коршиканӣ карданд19-12-2016, 08:35
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзноманигорони телевизиони Euronews бо нишони пуштибонӣ аз бахшҳои украинӣ, форсӣ ва арабӣ, ки роҳбарияти шабака аз басташавӣ ва ихтисори ин бахшҳо хабар додааст, корпартоии 24-соата эълон карданд. Корпартоӣ нисфишабии 15 декабр шуруъ шуд. Рӯзноманигорон ва кормандони техникӣ гуфтаанд, дар ин муддат барномаи иттилоотӣ таҳия намекунанд. Роҳбарияти шабака ният дорад, аз моҳи апрели соли 2017 ба далели камбуди молӣ бахши украиниро бандад. Бори аввал дар таърихи Euronews 5 декабр рӯзноманигорон корпартоӣ карданд. Он замон рӯзноманигорон роҳбарони шабакаро дар ҷорӣ кардани сензура ва инъикоси ғайривоқеии иттилоъ айбдор намуданд. Сар аз моҳи феврали соли 2015 аз нисф бештари саҳмияҳои Euronews дар ихтиёри миллиардери мисрӣ Нақиб Савирис аст. Ин тоҷир баъди сафари Владимир Путин, президенти Русия ба Миср, саҳмияҳои шабакаро харид. Баъди фурӯхтани саҳмияҳо рӯзноманигорон ба сиёсати идорӣ ва мустақилии шабака шубҳа карданд. Дар ҳоли ҳозир шабакаи амрикоии NBC News ният дорад, қисме аз саҳмияҳои Euronewsро харад. Саидраҳмон Каримӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.